Сагхари “холису мустақилу бетараф”

Муассису сардабири сомонаи “Ахбор” Мирзои Салимпур барои нафарони гумроҳу ватангадо насаби хубе кашф кардааст, ки метавон ихтирою кашфиёти мазкурро барои мушаррафи ба ҷоизаи Нобел, ақаллан “ҷоизаи Файзинисо Воҳидова (Кабирӣ) ” пешниҳод кард. “Занакҳои лаби об” – нафаронанд, ки дур аз воқеияти ҳаёт, бехабар аз ҳаводису қобилияти таҳлилӣ ва ғайра оид ба ин ё он масъала ҳарф мезананду хулосабардорӣ мекунанд. Ҳол он, ки асоси маълумотҳои онон хабарҳои пучи кӯчагӣ аст.

Чунин муносибату муоширатро нафарони дур аз Ватан, ки манобеи хабарии онҳо нафарони нопокашон дар Тоҷикистон мебошанд, ба худ хос медонанд. Бо андешаю фикрронии нафарони муғризу фосиқ, худозадаю ватанбезорро асос карда “тоҷик” – они ватангадо ба тамоми ҷаҳон ҷору лоф мезананд, ки аз ҳангомаҳо бохабар бошанд. Онон, ки орӣ аз ватанпарварию садоқат ҳастанд, бе риояи меъёри одобу ахлоқ нафароне, ки ба онҳо эътирозона ҷавоб мегӯянд, “фермаи ҷавоб” ном мениҳанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон шукрона доранд, ки дар Ватани азизамон бо саъю кӯшиши роҳбарияти олии кишвар ва хизматҳои шоистаи мақомотҳои қудратӣ сулҳу субот пойдор асту раванди созандагию ободкорӣ идома ёфта истодааст. Тоҷикистониён кайҳо дарк кардаанд, ки муғризони гумроҳу ватангадо, васвоси маблағи хоҷагони хориҷӣ чун “рудиментҳо” дар организми Инсоният мебошанд. Организми солим ғизоро ҳазм карда баъдан ҷузъи нопоку нозарурро ихроҷ мекунад. Хешону туҳматгарони Ватани азизамон ба монанди чунин боқимондаҳоанд, ки бӯйи баду нопоки онҳо ҷомеаро нороҳат месозад ва месазад, ки онҳоро ба мисли партовоб зери хок кард ва ҷомеаро пок аз онҳо кард.

М.С. Собиров, М.А. Дадобоев, устодони факултети геоэкология МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ