Сабақ аз ниёгон!

Чӣ хеле, ки ба ҳамаи мо маълум аст яке аз проблемаҳои асосӣ дар таърихи навини Тоҷикистон ин ҳисси маҳалгароӣ маҳсуб ёфта боиси ҷангу хунрезиҳои зиёде шудааст.

Барои ба даст оварданиистиқлолияту Ваҳдату ягонагӣ чи қадар ҷоннисориҳо кардаем, ки ҳамаи ин заҳматҳо барои боз ҳам вусъат ёфтани сулҳ дар Тоҷикистон мебошад.

Халқи тоҷик борҳо гувоҳи бисёр воқеаҳои таърихӣ шудааст, ки ин ба таъсис ёфтани давлати Сомониён мебошад, ки дар ҳамин давраи таърихӣ (874-999) дигаргунии куллие дар ҳаёти халқи тоҷик ба вуқўъ пайваста, боиси сарсабзии мамлакат гардид, аммо баъди гузашти якчанд муддат падидаҳои номатлубе дар таърихи халқи тоҷик ба вуқўъ пайвастанд, ки яке аз онҳо завол ёфтани давлати абарқудрати Сомониён маҳсуб меёбад, ки сабаби таназзули аввалин давлати бузурги муттамарказонидашудаи тоҷикон ин ҳисси маҳалгароӣ мебошад.

Дар тўли бисёр қарнҳо зери итоати бисёр халқиятҳои гуногун будем. Арабҳову муѓулҳову туркҳо ва дигар халқиятҳое, ки тавонистанд ба фарҳанги мо дигаргуниҳои зиёде ворид созанд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, тамоми унсурҳои таърихии ниёгонамонро то имрўз оварда расонидем ва барои ҳамин ҳам бояд ба қадри ин шукўҳӣ бирасем.

Бояд қайд кард, ки имрўзҳо низ дар ҷамъиятшахсоне вомехўранд, ки ҳамин масъаларо боз ҳам ба кор оварда мардумро гумроҳ месозанд.

Дар ҳар як паёми худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон махсус қайд мекунанд, ки бояд дар ҷомеа ҳисси якдиливу меҳанпарастӣ, ватандўстиву хештаншиносӣ ҳувайдо бошад ва мо мардуми халқи тоҷикин иқдомро пазироӣ карда, шукронаи сарсабзии кишвар мекунем.

Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои пешрафтаистода мебошад ва барои боз ҳамсарсабзу хуррам гардонидани кишвар ин ҳисси кинаву адоватро нисбати якдигар накунем.

Ҳамаи мо зодагони як кишвари ободу зебо бо номи Тоҷикистон дорем, зеро ҳамаи мо тоҷик ҳастем ва бо ин мефахрем, онро пос медорем ва ҳисси хештаншиносиро ҳифз менамоем.

Эсхата

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ