Роғун - манбаи нур

Сохтмони Нерўгоҳи барқии обии Роғун имрўз барҳақ ба майдони фидокорию мардонагӣ, дўстиву якҷоягии миллатҳои ҷумҳурии тозаистиқлоли мо гаштааст. Пешрафту инкишофи минбаъдаи мамлакат, беҳтар гардонидани шароити иқтисодии сокинони мамлакат аз бисёр ҷиҳат ба бунёди ин иншооти бузурги давр, ки манбаи нур аст, вобастагӣ дорад.

Мушкилиҳои зиёде вобаста ба нарасидани қувваи барқ Ҳукумати мамлакатро водор сохтанд, ки сохтмони ин иншооти муҳимро дар мадди назар гузошта, барои ҳарчи тезтар сохта ба истифода додани он аз имкониятҳои мавҷудаи дохилӣ истифода барад.

Ташаббус ва иқдоми неки Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин самт назаррас аст. Маҳз бо талошу ҷонбозиҳои сарвари давлат ҳоло Роғун ба майдони ҳақиқии ҳарбу зарби меҳнатӣ табдил ёфтааст. Тавассути талошҳои пайгиронаи ин фарзанди фарзонаи миллат ба ин ҷо техникаҳои пуриқтидору таҷҳизоти зиёди корӣ ворид гардидааст. Дар сурати пурра ба кор андохтани Нерўгоҳи барқии обии Роғун, он соле 13,3 млрд квт соат Қувваи барқ истеҳсол хоҳад кард, ки ин бузургтарин иқтидори қувваи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад ва Роғун минбаъд асоси манбаи нур дар мамлакат низ мегардад.

Мо – омўзгорон ин иқдоми неки Ҷаноби Олиро пайгирӣ намуда, дар радифи он кас қарор мегирем ва албатта барои бунёди ин кохи нур саҳмгузор мешавем.

Эгамбердиева М. Х. – дотсенти кафедраи назария ва методикаи таълими фанҳои тахассусӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ