Пояи асосии рушди устувори иқтисод аст Роғун

Имрўз дар ҳар як хонадони Тоҷикистон шодию хурсандӣ ҳадду канор надорад.Зеро дар рўзи барои сокинони кишвар таърихиву муқаддас -Истиқлолияти давлатӣ агрегати дуюми бузургтарин кохи барқи тоҷик Роғун ба истифода дода шуд.

Боиси сарфарозист, ки меҳани азизи мо ба чунин дастоварди бузургу беназирноил гардид. Ифтитоҳи боҳашаматтарин иншооти аср - НБО Роғун барои мардуми тоҷикистонӣ ҷашни беназиру бузург туҳфаи бебаҳои тақдир аст. Бо ин қасри муҳташами барқӣ халқи тоҷик саҳифаи таърихро гуворотару ширинтар пур аз дастоварду комёбиҳо сабт хоҳад кард. Ин неруи тавлиди барқ сарчашмаи нури абадии хонадон, заминаи мустаҳками бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, кафили рушди иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Зеро энергетика барои Тоҷикистон пояи асосии рушди устувори иқтисод ба шумор меравад.

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки Тоҷикистони азизи мо дар 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо оромишу осудагӣ ва пешрафту созандагиаш ба як сарзамини биҳиштосо табдил ёфта, мардуми заҳматкашу меҳнатқаринаш барои боз ҳам ободу зебо гаштани ин диёри ҳамешабаҳор якдилона талош мекунанд ва бо шукргузорӣ аз Истиқлолият ва тамомияти арзии кишвар, дар атрофи андешаҳои ояндасози Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, барои ободии Ватан ва тақвияти руҳияи Истиқлол саъю талош меварзанд.

Комилова З.А. омўзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшинос

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ