Пешгирӣ намудани раванди номатлуб

Мушкилоти экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм имрӯз аксари ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил шудааст ва имрӯз ҳамагон барои бартараф кардани ин вабои аср мубориза мебаранд. Аз ҷумла, Тоҷикистон дар ин ҷода ҳамеша фаъол аст. Бояд гуфт, ки дар кишвари мо низ ин ҳаракатҳои ифротгароӣ ва тундгравоиро ҳамчун мушкилоти асри навин мешиносанд ва идо ба ин хатарҳо доимо тавассути ахбори омма (ВАО) мардумро аз рафти ин равандҳо ҳушдор менамоянд. Зеро тибқи он тамоми проблемаҳое, ки дар ҷомеа мавҷуд аст, барои ифротгаро шудани ҳар як фарде, ки дониши кофии динию дунявӣ надорад ва мақсади асосии шомилшуданро дар ин гурӯҳҳо надорад. Аз ин рӯ, коршиносон бар ин назаранд, ки муборизаи ҳар яки мо бар зидди ин гуна равандҳои номатлуб бояд системанок ва доимӣ тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ахбори омма сурат гирад. Дар робита ба ин масъала ва роҳҳои муосири мубориза бар зидди ин равандҳои номатлуби ҷомеа тавассути системаҳои ахбори ҷаҳонӣ доимӣ ва босуръат бошад.Чунин равандҳои номатлуб метавонанд байни ҷомеа маҳалгароиро ба вуҷуд оварда мерасонад. Ҳадафи асосии онҳо ҷудоиандози дар байни мардуми мусулмон мебошад. Таҳлили ҳолатҳо нишон додаст, ки пайравони ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо халалдор кардани амнияти ҷамъиятӣ, сохтори конститусионӣ ва амнияти давлат мебошад. Аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои дини ҷиноятҳои ба вуҷуд овардани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва бо роҳи зӯроварӣ дигаргун кардани сохти конститутсионӣ мебошад. Аз тарафи макомотҳои хифзи ҳуқуқ соли 2014-15 якчанд нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Суғд шаҳрҳои Исфара, Панҷакент аъзони ин ҳизбу ҳаракат дастгир карда шуда ҷазои суди гирифтанд. Тоҷикистон аз хатари экстремизм ва терроризм эмин набуда, метавонад бо ниқоби дини мубини ислом сар бардорад, Аз ин рӯ, хар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан ҷавонон бояд барои амнияти кишвар ҳамеша ҳушёр бошанд. Барои пешгири ва бартараф намудани экстремизму терроризм усулу воситаҳои ошкору ниҳонро бояд оқилона истифода кард. Дар ҷаҳонбинию шуури сиёсии худ аз чунин ҳадафҳои номатлуб дур бошанд, дар байни онҳо аз байн бурдани маҳалгароиро дур намоянд. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хуҷҷати бисёр муҳим “Стратегияи мубориза бо ифротгарои ва тундгарои дар ҶТ барои давраи то соли 2020” қабул карда шуд. Яъне ин ҳадаф як мушкилоти маҷмӯи буда, сабабҳои он сар задани ин масъала ҳам иқтисодӣ ва ҳам омилҳои ғайрииқтисодӣ, яъне иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ба паст будани саводи диниву дунявӣ рабт медиҳанд. Яъне маҷмуи сабабҳое, ки дар натиҷа барои ифротгаро шудани ҷавонон ва умуман шаҳрвандон мусоидат мекунад. Барои пешгири намудани чунин раванди номатлуб бояд дастаҷамъона кор намуда, ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ ҳувияти миллӣ ва донишомузӣ тарбия намоем. Зеро имрӯз воситаҳои таъсиррасонии ташкилотҳои террористӣ ба мафкураи ҷавонону наврасон хеле таъсир расонида истодаанд. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд бо Ватан, миллат давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онхо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ