Факултети геоэкология: Паёми Пешвои миллат роҳнамои мост

Бахшида ба эълон гардидани “Солҳои 2019-2021 солҳои Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми январи соли 2019 дар факултети геоэкология таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат - роҳнамои мо” чорабинӣ ташкил вагузаронида шуд.

Чорабиниро декани факултет ҳусни оғоз бахшида аз мақсади ташкил намудани чорабинии мазкур ҳарф зада, ҷавононро ба ҳифзи марзу буми ватан ва арзишҳои миллию маънавӣ даъват намуд. Сипас мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат, дотсент Собиров М.С., аз ҷараёни Паём маърӯза намуда, бори дигар аз давраҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ҳамагон ёдоварӣ намуд. Инчунин мавсуф гуфт, ки Паёми имсолаи Пешвои миллат раҳнамои мову шумо ҷавонон буда, барои ободкориву созандагӣ ва ташаббускорӣ дар роҳи ба даст овардани муваффақиятҳо дар ҳамаи самтҳои афзалиятнокӣ ҷомеа шароити мусоид фароҳам меоварад. Аз ин рӯ мо бояд барои ноил гардидан ба натиҷаҳои мушаххас танҳо кӯшишу ғайрат намоем.

Ҳамзамон Олимов А.О. доктор Phd соли дуюм дар мавзӯи: “Сиёсати созанда ва бунёдкорона омили рушди сайёҳи дар Тоҷикистон”, Сангинов М.М. магистранти соли дуюм дар мавзӯи “Паём роҳнамои ҷавонон” ва Раҳимов О.Д. донишҷӯи курси 3-юми, ихтисосӣ география дар мавзӯи “Нуқтаҳои асосии ироа гардида дар Паём” маърӯзаҳои ҷолиб ва пурмуҳтаво намуданд.

Дар охири чорабинӣ байни ҳозирин мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ