Он чӣ ки аён аст…

Пайравони ҲНИ ва дигар ташкилоту ҷамъиятҳои иртиҷоӣ имрўз тарафдор,ҳавохоҳ ва пайравони нави ҳаракати босмачигарии собиқ гаштаанд. Зеро чандин роҳу усулҳои пешгирифтаи онҳо зидди Ҳукумат.роҳбарияти имрўзаи Тоҷикистон ба кор нарафт. Акнун онҳо собиқ босмачиҳоро тарафдорӣ намуда, аз онҳо қаҳрамонҳои миллат сохтанианд. Ин ба он монанд аст,ки гўё офтобро бо доман пўшиданианд . Чӣ хеле ки мегўянд: он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Худи мардуми имрўза, ҳатто талабагони мактабӣ низ нағз медонанд, ки босмачӣ кист ва он чӣ ҳадаф дошт.Мақсади онҳо ,муборизаи онҳо ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқ ё Ҳукумат набуд.

Онҳо душманони сохти советӣ, душманони халқи меҳнаткаш буданд.Беҳуда Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил дар асарҳояш «Одамони ҷовид»,»Шўроб», Сотим Улуғзода дар драммааш «Калтакдорони сурх»,Ҷалол Икромӣ дар романҳои «Шодӣ»,»Хатлон» симои ҳақиқии онҳоро тасвир накардаанд.Халқ ҳам бо воситаи ин асарҳо симои манфури онҳоро дурустакак дарк намуд.

Дар асл саркардагони босмачиён намояндагони буржуазияи маҳаллӣ ё бою амалдорони аламзада буданд.Онҳо мехостанд.ки ҳокимияти советиро сарнагун сохта,аз нав диктатураи худро барқарор созанд.Бо ин мақсад оммаи мардуми бесаводро ба атрофи худ ҷалб мекарданд. Халқи бечора,ки аз мақсади аслии онҳо огоҳ набуд, дар аввал баъзеашон пайрави ин саркардагон мешуданд.

Баъзе пайравони ҲНИ низ имрўз ба ҳамон гумроҳшудагони босмачигарӣ монанд ҳастанд.Роҳбарони ҲНИ(Кабирӣ,Мирзои Салимпур ,Илҳом Ёқубов…..) низ ба сардорони ҳаракати босмачигарӣ монанданд,чунки дар лаҳзаҳои аввал онҳо ба мақсади худ нарасиданд,яъне тирашон хок хўрд.

Ният ки нопок ва ғаразнок буд, тамоми босмачиён пурра шикаст хўрданд.Нияти пайравон ва сардорони ҲНИ , ки нопоку беасос аст,чун босмачиён шикаст хоҳанд хўрд. Иншоолоҳ,он рўз дур нест.Ҳақиқат,адолатғалаба хоҳад кард, инсофу тавфиқ аз болоиғадр, ноадолатӣ ғалаба хоҳад кард.

Аз ин рў аксари мардум ,роҳбарон дар атрофи Сарвари давлат муттаҳид хоҳанд шуд, то ин ки обрўю эътибори Тоҷикистони мо дар арсаи байналхалқӣ баланд гардад.

Гурўҳи эҷодии рўзномаи донишгоҳии «Нури маърифат»

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ