Нақши Нерӯгоҳи Обии барқии Роғун дар рушди кишвар

16 ноябр дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷойгоҳи махсус дорад. Ба ифтихори мавриди истифода қарор гирифтани агрегати аввали НБО «Роғун» гузашти ҳар лаҳзаву ҳар соат моро ба 16 ноябри соли 2018-Рӯзи Президент боз ҳам наздиктар месозад. Ин санаи фархунда дубора дар ҳаёту рӯзгори мардуми тоҷик гардиши куллие ба миён меорад. Боз саҳифаи китоби таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ин рӯзро ба ҳукми тақдир барои кишваре бо номи Тоҷикистон ҳамчун рӯзи нуру нурборон ба қалам медиҳад. Агар 16 ноябри аввал бо оғози Иҷлосияи таърихию тақдирсози Шӯрои Олии Тоҷикистон ба қалби мардум умеду боварӣ бахшида бошад, пас 16 ноябри дигар ба хонадони мардум нуру сафо хоҳад бахшид. Тоҷикистон – ин диёри файзхезу сабздомон, сарзамини ганҷхезу зарфишон, саргаҳи обҳои поку мусаффо ва меҳани фарзонагони илму хирад боз шоҳиди як рӯйдоди бузурги таърихӣ хоҳад шуд, зеро 16 ноябри соли равон чархаи аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода мешавад. 29 октябри соли 2016 дар шаҳри Роғун бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷрои дарёи Вахш баста гардида, ба бунёди ин мавзеи муҳими иншоот оғози расмӣ бахшида шуд. Сарфи назар аз ҳама мушкилиҳо, бо шарофати дастгирии самимона ва кӯшишу заҳмати мардуми ватандӯсту қавиирода дар Тоҷикистон, рушди бомарому устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъмин гардид. Ҳукумати кишвар таъмини истиқлолияти энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат қарор дода, барои расидан ба он тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст.

Сохтмони чунин як иншооти бузургу беназир, яъне неругоҳи «Роғун», ки барои Тоҷикистон тақдирсоз аст, аз лиҳози техникиву муҳандисӣ ва молиявӣ тартибу усули махсус талаб менамояд. Бинобар ин, таъкид месозам, ки бунёди неругоҳи «Роғун» кори саҳлу осон ва яксолаву дусола нест. Аз таҷрибаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Норак», ки 18 сол давом кард, мо медонем, ки бунёди чунин иншооти бузург муҳлати муайян талаб мекунад, ки он ҳам аз талаботи технологияи сохтмони сарбанд ва ҳам аз муддати марҳала ба марҳала пур кардани обанбор бармеояд. Қобили зикр аст, ки лоиҳаи неругоҳи “Роғун” ба талошҳои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои гузаштан ба “иқтисоди сабз”, ки асоси онро истифодаи сарчашмаи энергияи барқароршаванда ташкил медиҳад, мувофиқ буда, татбиқи он имконият медиҳад, ки партофти садҳо ҳазор тонна газҳои карбон ба ҳавои атмосфера кам карда шавад. Бо баҳои Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон имрӯз дар ҷаҳон аз лиҳозӣ истеҳсол ва истеъмоли қувваи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ё таҷдидшаванда ҷойи шашумро ишғол менамояд. Ман фикр мекунам баъди истеҳсоли НБО «Роғун» ин зина боз чанд маротибаи дигар баландтар мешавад. Ин саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз проблемаҳои глобалӣ, яъне тағийрёбии иқлим ё ин ки гармшавии иқлим бисёр беназир аст»,-таъкид намуданд Пешвои миллат.

Сарбанди неругоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт – соат) калонтарин Неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии неругоҳи барқи обии «Норак» якуним баробар зиёд мебошад. Дар баробари ин бартариятҳо, аҳамияти дигари хеле муҳим ва минтақавӣ доштани Неругоҳи барқи обии «Роғун»- ин таъсири мусбат расонидан ба ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика мебошад.

«Иншооти «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт ва ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он, дар ҳақиқат метавонад барои ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши арзишманд дошта бошад. Бунёди иншооти энергетикӣ дар дарёҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба таъмини тавозун байни масъалаҳои обӣ ва энергетикӣ равона шуда, дар ояндаи наздик ба ягона роҳи паст кардани зарар ва камобиву обхезиҳои эҳтимолӣ дар ҷараёни миёна ва поёноби Амударё табдил хоҳад ёфт. Иншооти мазкур имкон медиҳад, ки дар кишварҳои поёноб обёрии заминҳои дар истифода қарордошта ва азхудкунии заминҳои нав таъмин карда шавад. Ташхисҳои аз ҷониби коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва олимону коршиносони машҳури ҷаҳонӣ амалигардида далели гуфтаҳои боло мебошанд»,-изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон дар масъалаи НБО «Роғун». Омӯзиши пайваста ва таҳқиқи ҳамаҷониба дар мавриди Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва сохтмони дигар неругоҳҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистон бо бунёди ин неругоҳҳо на танҳо манфиати дохилӣ, балки кулли кишварҳои минтақаро ба инобат гирифтааст. Хусусан дар шароите, ки тағийрёбии иқлим, хушксолӣ ва норасоии об торафт бештар эҳсос мегардад.

Ҳамкории густурда бо кишварҳои ҳамсоя дар самти амалӣ сохтани нақшаҳои судманд доир ба обу энергетика яке аз ҳадафҳои доимии ҷониби Тоҷикистон буд ва хоҳад монд. Ин раванд хусусан дар ҷараёни бунёди неругоҳҳо боз ҳам бештар мавриди таваҷчуҳ қарор мегирад.

Назаров А.Р. Кароматуллоев С.Ҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ