НАҚШИ ДАВЛАТ ДАР ПЕШБУРДИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ

Низомиддинов С.

Дар ҷаҳони муосир бо дарёфти иттилоот имконияти назорати ҳалли бисёре аз муаммоҳои ҷамъияти ҷаҳонӣ имконпазир мегардад.Иттилоот ба омиле табдил ёфтааст, ки қодир аст, ба садамаҳоидоманфарох, низоъҳои ҳарбӣ, ғайримутамарказгардонии идоракунии давлатӣ, системаи молиявӣ, кори марказҳои илмӣ оварда расонад. Дар ин радиф самаранок истифодабарии иттиллоот ба тараққиёти соҳаҳои фаъолияти давлатӣ дар умум ва корхонаи ҷудогона, муваффақиятҳои назарас дар иқтисодиёт, тиҷорат, молия метавонад мусоидат намояд.Бо дарёфти иттилооти арзишноке, ки бартариҳои бештарро пешниҳод менамояд, ба субъектҳои дорандаи ҳуқуқ ба ин иттилоот масъулияти бештареро оиди ҳифзи ин иттилоот аз таъсири берунаи омилҳои гуногун ва ҳодисаҳо вогузор менамояд, ки ин омилҳохусусияти тасодуфӣ ё мақсаднок доранд. Иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ роҳҳо ва самти тараққиёти ҳар як ҷамъият ва давлатро муайян намуда, куллан ба ташаккулёбии инсон ҳамчун шахсият таъсир мерасонанд. Барномаҳои тараққиёти технологияҳои иттилоотии давлатҳои мутараққӣ, сармоягузории давлатии чунин барномаҳо ба мадди аввал гузошта шуда барномаҳои кайҳонӣ ва монанди онҳоро дар қафо мегузоранд.

Тараққиёти босуръати технологияҳои иттилоотӣ моҳияти амалии иттилоотро ба зинаи нав боло намуда бо ин васила моро ҳарчи бештар аз фаҳмиши моҳияти худи иттилоот, шакл ва тарзҳои зоҳиршавии он, методҳои таъсири иттилоот ба тараққиёти ҷамъият, давлат ва шахсият дур месозад. Ин донишҳо, пеш аз ҳама, барои дарки принсипҳои умумӣ ва асосҳои амнияти иттилоотӣ, ташаккулёбии маҷмӯи муаммоҳои бо он алоқаманд ва муайянкунии роҳҳои ҳалли он зарур аст.

Иттилоот аксар вақт ба воситаи хусусиятҳои гуногуни материя ё бо роҳи ҷудокунии аспектҳои арзишнок (прагматикӣ) ва мазмунӣ (семантикӣ)муайян карда мешавад. Доираи баёни мафҳуми “иттилоот” бениҳоят васеъ мебошад: аз баёни хусусии иҷтимоӣ (маълумот, хабари ба коркард ниёздошта) то фалсафӣ чун нисбатан умумӣ ва ҷаҳонбинона.

На илм, на инсоният, на ҷамъият наметавонанд бе ҷамъкунӣ, додугирифт, маҳфузнигоҳдорӣ ва истифодабарии иттилоот барои дарёфти донишҳои нав самарнок ва динамикӣ тараққӣ намояд.

Тағйирёбии муҳити иттилоотии ҷаҳонӣ омили асосии тараққиёти тамадуни муосир гардида самтҳои асосии тараққиёти ҷамъиятиро муайян месозад. Маҳз ба ин муаммо бисёре аз ақидаҳои таҳлилии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, ки дар паёмҳои худ баён намудаанд. Дар аксари ин ақидаҳои Пешвои миллат муаммои асосии хусусияти стратегӣ дошта, яъне амнияти иттилоотӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар системаи амнияти миллӣ арзёбӣ мешавад, ки аз ин ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷамъияти тоҷикистониён зич вобаста мебошанд.

Ҳолати муосири амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат дар натиҷаи ҷараёни иттиллоотикунонӣ ва рушди назарас дар тадбиқи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ муайян гардида диққати махсус ба масоили тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси ин соҳаи муҳим, тадриҷанбаландбардории зинаи дониши хизматчиёни давлатӣ ва ҳоказо равона карда мешавад. Ин имконият медиҳад, ки номгӯи хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон саривақтӣ ва босифат дастрас карда шуда зуҳуроти номатлуб ба монанди бюрократия ва коррупсия аз байн бурда шавад. Дар ин радиф робитаҳои ҷамъият бо сохторҳои давлатӣ қавӣ мегардад, ки иняке аз рукнҳои муҳими ҷамъияти шаҳрвандӣ ба шумор меравад.

Муаммои таъмини амнияти иттилоотӣ дар шароити муосир дарки илмӣ, таҳлили сиёсии муаммоҳоро ҷиддан талаб менамояд, ки бо таъмини амнияти иттилоотӣ ҳамчун компоненти асосии амнияти байналхалқӣ, минтақавӣ ва миллӣ алоқаманд мебошад.

Чунончи маълум аст, муносибатҳои муосир ба таъмини амнияти иттилоотӣ то андозае ба ҷараёнҳои ҳарбӣ-сиёсӣ равона карда шудаанд, аммо дар як вақт онҳо ба муаммоҳое ишора менамоянд, ки бо нооромии сиёсии минтақавӣ, ҷинояткорӣ, терроризм, мубодилаи ғайриқонунии маводи мухадир, шомилшавӣ ба ҷараёнҳои террористӣ алоқаманд мебошанд.

Муҳимияти муаммои таъмини амнияти иттилоотӣ инчунин бо баландбардории нақш ва мақоми муҳити глобалии иттилоотӣ дар ҳалли вазифаҳои стратегии тараққиёти Тоҷикистони муосир, дарки илмии амнияти иттилоотӣ ҳамчун фаъолияти мақомотҳои иҷроия оиди манфиатҳои миллии давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсият аз таҳдидҳодар соҳаи иттилоот мусоидат менамояд. Қабули Консепсияи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори масъалаҳои афзалиятнок муаммои аз ҷиҳати назариявӣ асосноккунии самтҳои асосии сиёсати таъмини амниятро бо роҳи мувофиқаи манфиатҳои он бо манфиатҳои ҷамъият ва давлат дар ҷараёни фаъолияти иҷтимоӣ-сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ вогузор намудааст.

Вобаста ба ин аспектҳои политологии омӯзиши амнияти иттилоотӣ дар шароити бадастории истиқлолияти давлатӣ низ дорои аҳамияти бештаре мебошанд.

Омӯзиши амнияти иттилоотӣ ин самти таҳлили сиёсӣ, базаи консептуалӣ-методологие мебошад, ки асоси базавӣ ва олоти тадқиқотиаш то ҳол ба таври пурра коркард нашудааст. Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки сиёсати амнияти иттилоотӣ ҳамчун воситае баромад мекунад ва бо ёри он манфиатҳои шахсият, ҷамъият ва давлат дар муҳити иттилоотӣ тадбиқ мешаванд, яъне ҳамаи доираи муносибатҳое, ки бо амнияти иттилоотӣ вобастаанд, таъмин карда мешаванд.

Адабиёт:

  • Алексенцев А. И. Сущность, и соотношение понятий «защита информации», «безопасность информации», «информационная безопасность». М., 2007.-176с.
  • Ершова Т.В., Хохлов Ю.Е. Тенденции и механизмы развития информационного общества в Таджикистане:- М., 2004.- 36 с.
  • Каптюг Ю. А. Проблема информационной безопасности: Дис. философ, наук. М.: ВПА, 2009. - 174 с.
  • Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. -Душанбе, 2012.
  • Сафиев К И , Махмадов П А Некоторые особенности информационной безопасности в системе национальных интересов //Вестник ТНУ -Душанбе «Сино», 2012.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ