Мулоқот судманд ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба магистратура

Бо мақсади ҷалби донишҷӯёни фаъол барои идомаи таҳсил дар шуъбаи магистратура ва инчунин омода намудани кадрҳои илмӣ бо хатмкунандагони ҳамаи факултетҳои донишгоҳ вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ номзади илмҳои филологӣ,дотсент Мутриба Мавлонова ва мудири шуъбаи магистратура дотсент, Малоҳат Усмоноваоид ба қоидаҳои асосии дохилшавии донишҷӯён ва зарурати омӯзиш дар магистратураро шарҳ доданд. Мутриба Мавлоноваба донишҷӯён изҳор намуд, ки дониш ва маҳорату малакаи худро сайқал дода, барои анҷоми корҳои илмӣ-татқиқотӣ камари ҳиммат банданд.

Ҳамзамонгуфта шуд, он донишҷӯёне, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил менамоянд, қадамҳои мақсаднок ниҳода, таҳсили хешро ба магистратура идома диҳанд, то онҳо ҳамчун мутахассиси соҳибкасб минбаъд дар донишгоҳ кор ва фаъолият намоянд.

Гуфта шуд, ки ҳоло дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” зиёда аз 400магистрат аз рӯи 20ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ