Мо бар зидди гирдиҳамоӣ

«Гирдиҳамоии бузург», ки КШКГЗСТ ба рузи 10 декабри соли равон дар Берлин дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон эълон кардааст ин як ватанфрӯшии навбатии душманони халқи тоҷик, махсусан, ТЭТ ҲНИ мебошад.

Мардуми Тоҷикистон, ки тули солҳои истқлолиият ба комёбиҳои беназир соҳиб шудааст, дигар фирефтаи макру ҳиялҳои онҳо ва хӯҷаинҳои бурунмарзии онҳо намегарданд. Он шахсиятҳое, ки маҳбусанд ба ҷурми гуноҳҳои кардаашон ҷазо гирифта истодаанд ва ҳеҷ вақт озод карда намешаванд.

Мо аз шарикони Аврупоии онҳо хоҳиш мекунем, ки бамардуми Тоҷикистон ва роҳбарияти давлати мо халал нарасонанд. Хоинони Ватани моро тарафдорӣ накунанд. Тоҷикистон давлати мустақил ва соҳибибихтиёру демократӣ мебошад ва роҳи давлатдории худро интихоб кардааст.

Тамоми мардуми Тоҷикистон дар атрофи Пешвои миллат гирд омада, пурра тарафдори сиёсати пешгирифтаи он кас мебошанд.

Шерматов Ш. – устоди факултети физика ва техникаи

МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ