Маърузаи беҳтарин: “Тадқиқи қатори Фибоначчи”

Дар факултети математикаи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конфронси донишҷӯён бахшида ба солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (бахши информатика ва математикаи ҳисоббарорӣ) доир гашт.

Дар конфронс донишҷӯён доир ба масъалаҳои “Ҳалли тақрибии муодилаҳои ғайрихаттӣ бо методи нисфтақсимкунӣ”, “Лоиҳасозӣ дар Visual Studio”, “Ҳалли муодилаҳои дифференсиалии одӣ дар Maple”, “Кор бо тригерҳо”, “Тарзҳои якҷоякунии ҷадвалҳо дар базаи маълумот”, “Cохтани веб-сайтҳо дар технологияи АSP.NET бо ёрии с#”, “Сохтани барномаи мултимедиявӣ”, “Тарзи сохтани графики функсия”, “Тарзи истифодабарии пакети maplet дар муҳити Maple”, “Сохтани бозиҳои мантиқӣ барои таҷҳизоти мобилӣ”, “Тадқиқи қатори Фибоначчи”, “Балоиҳагирӣ дар Android Studio”, “Тартибдиҳии барномаи тарҷумон дар VB.Net”, “Барномаи масъалаҳои мантиқӣ” маъруза намуданд.

Аз рӯи натиҷагирии ҳайати устодон муаллифи маърузаи “Тадқиқи қатори Фибоначчи” Искандарбек Бобоев, донишҷӯи курси 4-ум, ихтисоси математикаи амалӣ сазовори мақоми аввал гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ