Мардуми тоҷик ҳаргиз ба доми фиребу найранг гирифтор намешаванд

Дастовардҳои бесобиқаи давлату миллати тоҷик, ҷойгоҳи баланди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути шоҳкориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоинони миллатро башиддат нороҳату асабонӣ кардааст. Нависандагони хоину беномус ба маҳзи ризоияти муассисонашон аз ҳеҷ дурӯғу туҳмат нисбат ба давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик парҳез намекунанд. Туҳмати навбати мақолаи Сайидюнуси Истаравшанӣ таҳти унвони «Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода натиҷа медиҳад?» мебошад», ки ба гуфти ӯ «ҳукумати Тоҷикистон солҳост ба сурати муназзам ва ҳадафманде, дар ҳоли эҷоди нафрат дар ҷомеа нисбат ба ойини ислом аст» машғул мебошад. Ҳол он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо масҷидҳо амал карда, шаҳрвандони мо озодона бо ибодати худ машғул мебошанд. Ҳар соли моҳи Рамазон дар кишварамон ҳамчун моҳи муқаддас ҳисобида шуда, халқамон яке аз рукни исломро бо қаноатмандӣ иҷро менамоянд ва иди Рамазон ва иди Қурбон дар тақвим ҳамчун рӯзи таътил сабт шудааст. Ҳоло дар муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абўҳанифа Нўъмон ибни Собит”, ки маркази асосии таълими динии кишвар аст, айни замон ҳазорҳо нафар дар шўъбаи рўзона ва дар шўъбаи ғоибона аз рўи ихтисосҳои гуногун таҳсил мекунанд. Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ки дар байни мардум бо номи “Мадраса” машҳур аст, пуррагӣ аз тарафи Ҳукумати Точикистон маблағгузори карда мешавад. Инчунин, дар шаҳри Душанбе яке калонтарин масҷид барпо шуда истодааст, ки ин ҳам исбот мекунад, ки дар ин мамлакат эътиқод ва ибодати озодонаи мардум пурра таъмин аст. Яъне, иттилоотҳои низоъангези онҳое, ки дар сомонаҳои душманони миллат паҳн мешаванд, пур аз туҳмату буҳтон нисбат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми он аст. Инчунин, аксарият намояндагони онҳо чанд сол пеш Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк карда, маълумотҳое, ки бо воситаи сомонаҳои худ паҳн мекунанд, ягон далелу асос надошта, аз дурӯғ иборат буда, ғайримантиқӣ ва туҳмат аст. Ин гуна маълумотҳо барои манфиати баъзе давлатҳои абарқудрат ва шахсҳои гуногун мебошанд.

Давлатҳои абарқудрат бо ҳадафҳои шуму худкомаш сабабгори паҳншавӣ ва тавсеъаи терроризму экстеримизм, амалҳои зӯроварии кишварҳо ба сари якдигар, харобу валангор сохтани шаҳрҳои обод, қатлу куштори миллионҳо одамони бегуноҳ, буҳрони марговари иқтисодиву иҷтимоӣ, коҳиши захираҳои табиӣ, гармшавии иқлими замин, аз байн рафтани арзишҳо ва фардияти миллӣ гардид.

Ба хотири таҳияи чунин модели нави муносибатҳои инсонӣ аз ҷониби муҳаққиқон ва сиёсатмадорони кишварҳо корҳои назаррас дар такя бар демократия, таҳаммулпазирӣ, дӯстӣ, рафоқат ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеаҳо, ки ба фарҳангу тамаддунҳои мухталиф тааллуқ доранд, анҷом пазируфта истодаанд. Зеро, ақли пурсишгари онҳо ба хубӣ дарк намудааст, ки дар чунин зербинои заъиф, ки дар натиҷаи сиёсати ғаразолуди кишварҳои қудратталаб ба вуҷуд омадааст, ки наметавон ҷомеаи ҷаҳониро аз бӯҳрони бунёдӣ, ки бӯҳрони иқтисодӣ танҳо як бахши он аст, раҳо бахшид ва миллионҳо инсонҳоро аз марг наҷот дод.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбарҳои баланди байналмилалӣ борҳо доир ин масъала ба аҳли башар гӯшрас намуд, ки бо ҳам муқобил гузоштани ҷаҳонбинии гуногун ва аз тариқи зӯроварӣ ҳал намудани низоъҳо на танҳо ба касоду шикасти иқтисод, балки фасоди давлатҳо ва дар маҷмӯъ инсоният хоҳад бурд. Мисоли равшани он ҷанги беохири Фаластину Исроил, ҷанги беш аз сисолаи Афғонистон, ҷанги мазҳабии Ироқу Сурия ва низоъҳо дар мамлакатҳои дигари Араб аст, ки то имрӯз, мутаассифона башарият роҳи ҳалли онҳоро наёфтааст ва агар ба ҳамин ҳол ва дар чаҳорчӯби арзишҳои модели муосири байналмилалӣ пеш равад, шояд садсолаҳои дигар низ ҳалли ин муамморо наёбанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати милл - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи шахсҳои туҳмату буҳтонпарастон чунин ақида намуд: “Ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолӣ хоинони миллати тоҷик бо пуштибониву маблағгузории хоҷагони хориҷии худ мардуми моро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор карданд.

Ин хиёнати таърихии онҳо боиси қурбон шудани беш аз 150 ҳазор нафар ҳамватанонамон, ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакони бегуноҳ, ба гуреза табдил ёфтани бештар аз як миллион сокинони мамлакат ва хисороти азими моддиву молиявӣ гардид. Дар маҷмӯъ, ҷанги шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири рушд даҳсолаҳо ба ақиб партофт.

Лекин онҳо набояд фаромӯш созанд, ки халқи мо, яъне миллате, ки тақдирашро ба дасти худ гирифтааст ва ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад, хоинону душманони миллати тоҷикро хуб мешиносад, дигар ҳаргиз ба доми фиребу найранги гирифтор намешавад ва оқибатҳои даҳшатбори ҷанги бародаркуши ибтидои солҳои навадуми асри гузаштаро низ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.

Такроран хотирнишон месозам, ки барои чунин хоинон мафҳумҳои муқаддаси Ватан, модар, миллат, таърих, забон ва фарҳанги миллӣ ягон арзиш надорад». (Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш. 01.09.2019 09:40, шаҳри Душанбе).

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ