Аз пораи кӯҳ то ламъаи нур

Ба истифода додани чархаи аввали НБО-и Руғон башорати татбиқи ормонҳои халқи тоҷик дар ҳазораи сеюм мебошад. Тоҷикистон ва мардуми маърифатпарвару маорифпешааш ба роҳандозии чунин барномаҳои ташаббускорона тавонист дар муддати начандон тӯлонӣ худро ҳамчун меросбару парчамбардори ҳақиқии гузаштагони пуршарафаш, ки имрӯз эътибору нуфузи байналмиллалӣ пайдо кардаанд, дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад. НБО-и Роғун дар замоне қомати хешро рост кардааст, ки Тоҷикистони азизи мо роҳи муваффақияту дастовардҳои минбаъдаро бо нерӯи ақлонӣ ва хиради азилӣ интихоб карда, дар ин ҷода қадамҳои устувор гузошта истодааст. Ба таъбири дигар бунёд шудани ин нерӯгоҳ нерӯи имрӯзу ояндаи кишвари азизамонро қавӣ намуда, қомати болои ҳамаи фарзандони барӯманди ин сарзамини офтобӣ мегардад. НБО Роғун натиҷаи ҷонфидоиҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати дурусту дурбинонаи ӯ ба шумор меравад, ки мо бо чашми сар ояндаи дурахшони кишвари соҳибистиқлоламонро имрӯз ба мушоҳида мегирем, ки боиси ифтихори мо ва насли ояндаи миллат мебошад. Чархи аввали ин кохи бегазанд санае ба кор андохта мешавад, ки вай ҳамчун рӯзи саид ва фаромӯшнашаванда дар тақвими ҷашнвораҳои тақдирсози кишвар ҷойгоҳи хосеро пайдо кардааст ва чун ба арсаи сиёсат омадани Пешвои миллат ба ҳамин рӯз пайванд мегирад, аз ин ҷиҳат метавон таъкид кард, ки ин фурсати барои ҳамаи мо мукаррам ба тулӯи офтоби дурахшон дар осмони тираву тори сарзамини мо шабоҳат дошт ва имрӯз низ дорад. Оғози истифодаи чархаи аввали ин нерӯгоҳи азим худ афзалияти ҳамин рӯзро боз ҳам дар байни мардуми тоҷик боз кушода, онро моҳиятан мазмуни тоза мебахшад. НБО-и Роғунро метавон натиҷаи сиёсати муваффақ дар арсаи ҷаҳонӣ унвон кард. Роғун майдони мардонагиву ҷасорат ва маркази тарбияи мутахассисони соҳаи барқу энергетикаи тоҷик ба шумор меравад. НБО-и Роғун нишонаи иттиҳод ва сарҷамъии миллат буда, пояҳои истиқрору ягонагиро бо нури поку мусаффои хеш дар қаламрави кишвар таҳким мебахшад. Покиву нур, ки аз об сарчашма мегирад, моҳияти фалсафии яке аз унсурҳои чаҳоргонаи муқаддасро, ки об аст, шарҳу тафсир мекунад ва ба об вобастагии амиқ пайдо кардани яке аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин решаҳои амиқ пайванд доштани сиёсати маънавибунёду асолатпарвари ӯ ишорат мекунад. НБО-и Роғун хонаи ободу рӯшан барои мост. Мо имрӯз аз чунин дастоварди беназир ифтихор дорем. Истиқлолияти давлатӣ бори дигар собит сохт, ки халқи тоҷик дар баробари шикофтани дили кӯҳҳо ва бунёд сохтани роҳҳои ҳамвор ва бар рағми душманон хотима бахшидани зиддиётҳои ақливу зеҳнӣ, инчунин қодир ба равшан кардани хонаи торик низ мебошад, ки мисоли рӯшани он НБО-и Роғун ба шумор меравад. Ман аз ин фурсати муносиб истифода бурда тамоми мардуми тоҷикро ба муносибати ба истифода додани чархаи аввали НБО-и Роғун ва инчунин Рӯзи Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, таманно дорам, ки ҳамеша бахту сарбаландӣ ва ояндаи ободу осуда насибашон гардад.

Абдуллоев Ромиз– Сардори раёсати илм ва инноватсияи МДТ

“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ