Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам

Мо борҳо байни дигар давлатҳо миллатгароиро мушоҳида мекунем. Аммо сад афсус имруз байни халқи худ мебинем, ки нисбати якдигар маҳалгароӣ мекунанд. Ин ҳама аз нодониву аз бетарбиягии инсон вобаста аст. Хусусан баъзе аз шахсиятҳо аз худи Тоҷикистонанду шаҳрванди пешинаи Тоҷикистон буданд ва имрузҳо дар дигар давлатҳо зиндагӣ мекунанд, бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати халқи худ бисёр суханҳои кабеҳу паст мезананд. Маҳз ҳамин маҳалгароӣ буд, ки ҷанги бародаркуши рузҳои сангин ба сари халқи тоҷик омада буд. Ё худ вақте шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, аз тоҷик будани худ ба муаррифи кардан шарм медоранд. Худро шаҳрванди дигар давлат гуфта муаррифӣ мекунанд. Аз миллату ватани худ даст кашидан нисбати халқи худ нафрат парваридан вазнинтарин гуноҳ аст. Шахсе, ки тоҷик будани хешро инкор мекунанду дур аз ватан зиндагӣ мекунанд вақте аз дунё мегузаранд мурдаи онҳо бесоҳиб мемонад. Ана ҳамин маҳалгароӣ нисбати ягдигар ноаён миллату кишварро ба самти харобию порашавӣ мебарад. Тоҷик ҳамон касе ҳаст, ки дар кадом манотиқи дунё набошад худро тоҷик мехонад, новобаста дар куҷо таваллуд шудаасту бо кадом лаҳҷа сухан меронад. Гарчанде дар замони шуравӣ қисми зиёди аҳолии тоҷикро русзабонҳо ташкил мекарданд,вале тоҷикон бо забони адабии худ сухан меронданд. Лекин имруз шахсиятҳоро вомехурем, ки бо забони миллати худ ба сухан кардан шарм медоранд. Гуё бо забони худ ба атрофиён сухан кардан ҳазар мекунанд. Имрузбайни ҷавонон хосатан донишчўён ин падида мушоҳида мешавад. Барои ҳамин ҳам бояд дар байни шаҳрвандон махсусан ҷавонон бояд ҳуввияти миллӣ пурзур карда шавад. Мардуми мо аз қадим соҳибтамаддун буданд. Он маданияте, ки халқи тоҷик дорад бо унсурҳои волои худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташудаанд, зеро агар ба таърихи ниёгон назар афканем мебинем, ки тоҷикон ҳамеша мекушанд то ба имруз, ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи маданияти умумибашари таҳлил карда мешавад .Дар ҳар давраи таърихиробита ва муносибати он бо маданияти халқҳо ва давлатҳои гуногун маънидод карда шуда, саҳми халқи тоҷик ҳамчун эҷодкори маданияти нотакрор дар фарҳангу маданияти халқҳои ҳамсоя, аз тарафи дигар, бархурдоршавии он бо дастовардҳои маданияти ҷаҳонӣ равшан карда мешавад. Бинобар ин мо бояд ба хулқи ҳамидаи ниёгони худ пайравӣ карда, ҳисси нафрату кинаю адоватро аз байн барем. Баҳри пойдории сулху субот, дустиву рафоқат, равобиту тиҷорат пайваста кушиш ба харҷ диҳем. Тавассути инсондустӣ ва адолатпарварии хеш номбардори аҷдодони худ гардем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ