Маҳалгароӣ ба нестии миллат мебарад

Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ - оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз сабабҳои љанги шаҳрвандӣ ин махалгароӣ буд. Махалгароӣ яке аз падидаҳое мебошад, ки миллатро нест карда метавонад. Имрўзҳо нафароне ҳастанд, ки аз дар байни мардум низоъ барпо намуда ҳисси маҳалгароиро бедор мекунад. Душманони миллати мо дар дохили кишвар ё хориҷи кишвар қарор гирифта, ҷавонони моро бо ҳар роҳ ба доми худ мекашанд, бо ҳар роҳ мехоханд ҷавононро ба гирдиҳамоиву дигар падидаҳои номатлуб даъват намоянд. Агар муттаҳиду ягона бошем хељ гоҳ ба гапҳои бардурўѓи душманони миллат пайравӣ намекунем. Аз ин рӯ мо бояд ба маҳалгароӣ, ки падидаи манфӣ мебошад худдорӣ намоем барои якпорчагии кишварамон барои сарҷамъии миллатамон ҳама якҷоя кӯшиш намоем. Яке аз омилҳое, ки ҳисси маҳалгароиро нест мекунад ин худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мебошад.Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо ба роҳи ваҳдату якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварропойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, обод шуд, пеш рафт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар як фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, яъне тантанаи ваҳдату сулҳ падидор аст.

Ваҳдат ин номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯйи ояндаи ободу осуда ва, муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарғиб намуда, бо намояндагони дигар халқу миллатҳо, дину оин ва фарҳанг муносибати некбинона доштаанд.

Кафедраи сиёсатшиносӣ АКВА

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ