Конфронс дар бахши масъалаҳои забоншиносии муқоисавӣ

Дар факултети забонҳои хориҷӣ конфронси илмии анъанавии устодон ва олимони ҷавон бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи илми тоҷик дар бахши масъалаҳои забоншиносии муқоисавӣ баргузор гашт.

Дар конфронс 21 маъруза, доир ба масъалаҳои семантикии зарбулмасалу мақолҳо, ҷумлаҳои нопурра, ҷумлаҳои номуайяншахс, ифодаи саволҳои ғайриаслӣ, такрори суръатнаёфта, истифодабарии воҳидҳои фразеологӣ дар Маснавии Маънавӣ ва тарҷумаи он ба забони англисӣ, потенсиали услубии ифодаи қиёс, воҳидҳои фразеологии ифодакунандаи “ҳиссиёт”, вижагиҳои воҳидҳои фразеологӣ бо ҷузъи “зан, модар”, феълҳои нопурра, шаклҳои морфемавии калима, нақши хабар дар созмонҳои ташаккули ҷумла, муродифоти ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сабабу натиҷа, роҳҳои маъмули пайдоиши истилоҳи мусиқӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ ироа гардид.

Беҳтарин маърузакунанда Саидмуҳиддин Холов, муаллифи маърузаи “Хусусияти ифодаи саволҳои ғайриаслӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ” дониста шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ