Конференсияи илмӣ- амалӣ таҳти унвони “Истифодаи технологияҳои навин дар раванди таълим ва тарбия”

Садорати факултети педагогӣ тасмим гирифтааст, ки таърихи 21 июни соли 2019 ба муносибати 65 - солагии доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва педагогии Федератсияи Русия, директори Институти илмӣ – тадқиқотии илмҳои педагогии назди ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Шаропов Шавкатҷон Аҳмадович ва 70-солагии номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ Каримова Моҳинисо Абдуқаюмовна конференсияи илмӣ- амалиро таҳти унвони “Истифодаи технологияҳои навин дар раванди таълим ва тарбия” баргузор намояд.

Барои иштирок дар кори конференсия устодони муассисаҳои олӣ, олимон, докторантон, аспирантон ва магистрон даъват карда мешаванд.

Самтҳои мавзӯъҳои дар конфронс баррасишаванда:

  • Салоҳиятмандии касбии омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
  • Истифодаи технологияҳои навин дар раванди таълиму тарбия
  • Нақши Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” дар таҳкими раванди таҳсил
  • Масъалаҳои таълими забони модарӣ дар низоми салоҳиятнокии таҳсил
  • Усулҳои самарабахши таълим дар синфҳои ибтидоӣ

Барои иштирок дар конференсия хоҳишмандон метавонанд то санаи 10 майи соли 2019 иштироки худро тасдиқ намуда, мақолаҳоро бо риояи талаботҳои мувофиқ ба суроғаи кумитаи тадорукот ё ба суроғаи электронии dilbar_sns@mail.ru,nvamtzm@mail.ru, sadbarg_68@bk.ru ирсол намоянд.

Аз натиҷаи маводи конфронс маҷмӯаи мақолаҳо ба нашр расонида мешавад.

ТАЛАБОТ ВА ШАРТҲОИ ҚАБУЛИ МАҚОЛАҲО

Ҳаҷми мақола дар барномаи Microsoft Wordто 3 - 5 саҳифаи шакли А4;

Ҳамаи ҳошияҳо аз чап – 2,5 см, аз боло ба поён – 2,0 см, аз рост- 0,5 см., ҳуруфTimes New Roman Tj, андоза-14, фосилаи байнисатрӣ-1,5 воҳид.

Номи мақола дар болои саҳифаи аввал, дар мобайн, бо ҳарфҳои сиёҳи сарлавҳавӣ, поёнтар аз он дар фосилаи 1,5 воҳид ному насаби муаллиф оварда шавад.

Шахсони масъул: Элмуродова Садбарг Худойназаровна, тел: 92 823 33 78

Раҳмонова Дилбар Зикриёевна, тел: 92 7620123

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ