Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Муаммоҳои мубрами таълим дар замони муосир”

Санаҳои 27-28-уми ноябри соли ҷорӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Муаммоҳои мубрами таълим дар замони муосир” баргузор гардид.

Дар конференсия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, олимони Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иштирок доштанд.

Конференсияро ректори донишгоҳ профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ифтитоҳ бахшид. Мавсуф зимни суханронии хеш қайд намуд, ки Раёсати МДТ "Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ға­фуров" дар давраи омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти дав­латии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ба масъалаи татбиқи амалии амру фармонҳо ва Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қа­рор­ҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии То­ҷи­кис­тон эътибори ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим чораҳои амалӣ андешида истодааст. Ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии ра­ван­ди таълим, илм ва инноватсияро таҳия намуда, ба таври мунтазам мониторинги сифати таҳсилотро анҷом медиҳад. Ба роҳ мондани пурси­ши афкори омӯзгорон, назорати электронии раванди таълим, ташкили се­ми­нар- машваратҳо оид ба масъалаҳои сифати таҳсилот, таҳия ва тат­биқи стандарт ва матритсаи сифати таҳсилот, ташкили дарсҳои кушод, на­­зо­­рати мунтазами машғулиятҳои омўзгорони ҷавон, таҳияи бастаи ма­вод­ҳои таълимӣ, ташкил ва гузаронидани баҳогузории рейтингӣ ба фаъ­оли­яти ҳайати профессорону омўзгорон, таҳлили динамикаи дараҷаи дониш­андўзӣ ва сифати таҳсилот дар донишгоҳ, ки ба таври ҳамешагӣ сурат мегиранд, сатҳу сифати таҳсилотро беҳтар намуда истодаанд, ки ин яке аз муваффақиятҳои донишгоҳ дар чанд соли охир маҳсуб меёбад.

Баъдан муовини ректор оид ба таълим Раҳимов Абдуфаттоҳ баромад карда, мақсад аз баргузории конфронси мазкурро тавзеҳ намуд ва таъкид кард ки “Ҳадафи асосӣ пеш аз ҳама муаррифии дастовардҳои арзишманди таълимиву методии устодони донишгоҳ, ҳамзамон бархўрди идеяҳои судманди нерўҳои зеҳнӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар замони муосир ба ҳисоб меравад".

Дотсенти кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ - Зариф Наимов дар мавзўи “Арзишҳои миллӣ дар ташаккули маърифат ва шахсияти шогирдон аз нигоҳи педагогӣ”, сардори раёсати таълими донишгоҳ, дотсент Сабуров Муҳиддин дар мавзӯи “Идоракунӣ, таъмин ва рушди сифати таҳсилот дар муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва декани факултети филологияи тоҷик дотсент, Тиллохоҷаева Муҳаббат дар мавзўи “Мақсадгузории таълим аз рўи назарияи “Таксономияи”-и Блум” маърӯза намуданд.

Кори конфронси мазкур дар 8 бахш ва 4 зербахш тайи ду рўз идома ёфта, фарогири муҳимтарин мубодилоти афкор, бархўрди таҷрибаҳо, муомилоти таълимии устодони соҳибтаҷриба, баҳсу мунозираҳои судманд дар самти раванди таълими муосир, муаррифии дастовардҳои арзишманди таълимиву методии устодони соҳибтаҷрибаи донишгоҳ мебошад.

Инчунин маҷмўаи мақолаҳои он дар шакли маводи алоҳида, дар ҳаҷми 400 саҳифа нашр карда шудааст. Дар арафаи ин чорабинии муҳим бо ташаббуси раёсати донишгоҳ маҷаллаи таълимӣ-методӣ таҳти унвони “Раҳнамои омўзгор” низ рўйи чоп омад, ки дар қисми ифтитоҳии конференсияи мазкур муаррифӣ карда шуд. Маҷаллаи мазкур дорои се қисмат, аз ҷумла бахшҳои “Усули таълими фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ”, “Усули фанҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ” ва “Сифати таҳсилот” мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ