Хизмат ба Модар-Ватан рисолати олии ҷавонмард

Тибқи нақшаи чорабиниҳои маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” дар назди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд аксияи тарғиботӣ таҳти унвони "Хизмати Модар-Ватан рисолати олии ҷавонмард" ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинӣ аз ҷониби ҳайати маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” дар кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва дигар мавзеъҳои ҷамъиятӣ доир ба ҳимояи марзу буми кишвар, рисолати шаҳрвандии ҷавонон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, рушди ҳамаҷонибаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон варақаҳои иттилоотӣ дода шуд.

Ҳадаф аз баргузории аксияи мазкур баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, меҳанпарастӣ ва ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати Модар-Ватан мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ