Ҷараёни ҳафтаи илм дар факултети санъат

Дар факултети санъати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба эълон шудани «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» семинару маҳфили илмӣ-эҷодӣ ва намоиши китобҳои тозанашри соҳавӣ ҷараён гирифт.

Дар меҳвари семинари илмӣ-эҷодӣ масъалаи «Рушди соҳаи санъати тасвирӣ дар даврони Истиқлолият» қарор гирфта, устодони кафедраи санъати тасвирӣ ва маҳорати актёрӣ ҷанбаҳои санъати тасвирии тоҷикро муҳокима карданд.

Дар намоиш китобҳои тозанашри соҳаҳои фарҳанг, санъат, адабиёт, китобшиносӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Бояд гуфт, ки намоиши китобҳои тозанашри соҳавӣ аз ҷониби устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва китобшиносӣ дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ба роҳандозӣ гашт.

Баъдан маҳфили илмӣ-эҷодӣ дар мавзӯи «Мавқеи анъанаи устод-шогирд дар санъати мусиқии миллӣ» доир гашта, устодони кафедраи мусиқии суннатии тоҷик дар ин замина табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ