Ҷамшед Ҷӯразода: Омода намудани мутахассисони оянда бо фарогирии донишҳои замонавӣ вазифаи мост!

Дар факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинии идона бахшида ба Рӯзи омӯзгорон баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҷамъомадро ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо Рӯзи омӯзгорон шодбош намуда, зикр кард, ки бо мақсади амалии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва ба ин васила, ҷиҳати баланд бардоштани манзалати омӯзгор дар ҷомеа ва омода намудани кадрҳои соҳибихтисоси омӯзгорӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Баён гашт, ки донишгоҳ давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамчун маркази муҳими тарбиявии омӯзгорони ҷавон, соҳибфарҳанг, қавииродаву кордон дар кишвар нуфзуз пайдо карда, барои омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир нақши сазовор гузошта меояд.

Гуфта шуд, ки айни ҳол дар донишгоҳ 790 омӯзгор, аз ҷумла 43 доктори илм, профессор, 351 номзади илм фаъолият менамоянд, ки 49,8% теъдоди умумии омӯзгоронро устодони соҳибунвон ташкил медиҳанд. Аз теъдоди умумии ҳайати кадрии устодон 489 нафар ё 61,8%-и онҳо занон ва 31 нафар ё 7,8% ҷавонони соҳибунвони то 35 сола мебошанд.

Аз ҷониби роҳбарияти давлату ҳукумат ҳамеша заҳмату талошҳои омӯзгорон қадр мешаванд. Чунончӣ, дар ду соли охир бо назардошти дастовардҳои муҳими илмиву эҷодӣ устодони донишгоҳамон бо ҷоиза ва мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла, як нафар бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, се нафар бо Медали хидмати шоиста, як нафар бо Ордени шараф дараҷаи II, як нафар бо Нишони “Сухан”-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, як нафар бо Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ду нафар шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, як нафар шаҳрванди фахрии шаҳри Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, як нафар бо Ҷоизаи адабии ба номи Раҳми Ҷалил, як нафар Ҷоизаи байналмилалии Ҷумҳурии Озарбойҷон барои нашри китоб ва 16 нафар бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардиданд. Ҳамчунин, дар соли 2019 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи илми тоҷик беш аз 50 озмуну викторина, аз қабили “Олими сол”, “Олими ҷавони сол”,“Докторанти сол”, “Магистранти сол” дар самти илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ бо ширкати 3500 нафар ташкил ва гузаронида шуд.

Ректори донишгоҳ дар фароварди сухан аз тадбирҳои амалинанмудани Ҳукумати Тоҷикистон, хоса талошҳои пайвастаи Пешвои миллат дар самти боло бурдани манзалату ҷойгоҳи омӯзгор дар ҷомеа изҳори назар намуда, гуфт, ки мо, олимону устодон дар назди миллату давлат вазифадорем, ки бо фаъолияти пурбори омӯзгорӣ донишҷӯёнро ба хониши хубу аъло, фарогирии васеи донишҳои замонавӣ, хислату корбарии накӯ ва муносибати арзанда ба арзишҳои муқаддаси миллӣ ва умумибашарӣ раҳнамун созем.

Дар идома як қатор олимону устодон баҳри дастовардҳои илмӣ-тадқиқотӣ, натиҷаҳои шоён бо Сипоснома, Раҳматнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров қадр шуданд.

Сипас, барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ аз ҷониби дастаи созию овозии «Навои ҷавонӣ»-и донишгоҳ манзури ҳозирин гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ