Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогии назди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МЕЪЁРҲОИ

баҳодиҳӣ барои муайян намудани ғолибони озмуни “Донишҷӯй-таҷрибаомӯзи бомаҳорат” дар байни донишҷӯёни курси 3 ва 4-ми ихтисосҳои омӯзгории ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

Мақсади озмун – омӯзиши рафт ва натиҷаи таҷрибаомӯзӣ дар курси сеюм ва чоруми ихтисосҳои омӯзгории донишгоҳ ва муайян намудани донишҷӯён-таҷрибаомӯзони беҳтарин. Озмун дар як соли таҳсил ду маротиба моҳи декабр барои таҷрибаомӯзони курси 4 ва моҳи феврал-апрел барои таҳрибаомӯзони курси 3 гузаронида мешавад.Арзёбӣ бо рейтинги 100 хола амалӣ мегардад.

Объектҳои назорат.

1. Маҳорати дарсдиҳии дарс.40 хол.

2. Фаъолияти педагогӣ ва психологии таҷрибаомӯз30 хол

3. Дараҷаи дониши назариявии методикаи таълими фанҳои

тахасуссӣ................................................................................................. 20 хол

4. Сифати ҳуҷҷатгузорӣ. 10 хол

100 хол

Тавсифоти объектҳои назорат.

I. Маҳорати дарсдиҳии таҷрибаомӯз.

1. Истифодаи усулҳои фаъоли таълим.10 хол

2. Истифодаи аёният вавасоити техникии муосир5 хол

4. Идораи синф ва нутқи таҷриомӯз. 5хол

5. Ҳамкории таҷрибаомӯз бо хонандагон 5 хол

6. Дараҷаи ноилшавӣ ба мақсади дарс5хол

40 хол

2.Фаъолиятипедагогӣ ва психологии таҷрибаомӯз

1. Сифати гузаронидани соатҳои тарбиявӣ10 хол

2. Ташкил ва гузаронидани чорабинии тарбиявӣ 10 хол

3. Гузаронидани таҳлили психологии дарс 10 хол.

30 хол

3. Дараҷаи дониши назариявӣ аз методикаи таълими фанҳои тахасуссӣ

1. Саволу ҷавоб.20 хол

2. Сифати ҳуҷҷатгузорӣ.10 хол

30 хол

4. Њолати њуҷҷатгузории донишҷӯй-таҷрибаомӯз

1. Мазмун ва мундариҷаинақшаи ҳафтаинаи таҷрибаомӯз. 2 хол

2. Самаранокии таҳлили дарс 2 хол

3. Самаранокии суратҷаласаи таҳлили дарс 2 хол

4. Мазмуни рӯзномаи таҷрибаомӯз 2 хол

5. Сифати навиштани нақша-тавзењоти дарсҳо 2 хол

10 хол

Озмун дар ду давра дар асоси меъёрҳои дар боло зикршуда гузаронида мешавад:

Давраи аввал дар сатҳи факултет;

Давраи дуюм дар сатҳи донишгоҳ гузаронида мешавад.

Талаботи ниҳоӣ:

Донишҷӯй-таҷрибаомӯзони ғолиби давраи якум бояд дарси кушод гузаронанд.

Шаш ҷойи ғолибони давраи ниҳоӣ муайян карда мешавад.

2 ҷойи якум; 2 ҷойи дуввум; ду ҷойи саввум.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ