ИМОМИ АЪЗАМ ВА МАСЪАЛАҲОИ ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МАЗҲАБӢ

ОЛИМОВА Ҳ.

Бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон “Соли 2009 - Соли бузургдошти Имоми Аъзам” эълон гардида буд, ки таҷлили ҳаёт ва фаъолияти ин шахсияти муаззам ва барӯманд, пеш аз ҳамавобаста ба аъмол ва рафтори бесобиқаву ягонаиӯ маҳсуб меёфт. Пас аз таҷлили бузургдошти Имоми Аъзам (соли 2009) дар Ватани маҳбуби мо мазмун ва муҳтавои ақидахои мазҳаби ҳанафӣ барои доираи васеи хонандагон равшан гардид. Аз ҷумла, барои омӯзгорон. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷандба номи академик Б.Ғафуров бахшида ба омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам конференсияҳои илмӣ ва чораҷӯиҳои зиёде баргузор гардиданд. Аз рӯи омӯзиши асарҳои тозаэҷоди олимон ва адибони классик маводи зиёди илмӣ, тарбиявию ахлоқӣ таҳлилу таҳқиқ гардиданд.

Дар баробари таъсири маънавию ахлоқӣ душворию нофаҳмиҳои мазҳабӣрӯшанӣ андохта шуданд. Мафҳум шудани фикру ақида ва шинос шудан бо хислатҳои ин марди наҷиб ва шахсияти нодир барои пешрафти маданияти миллӣ, тарбияи маънавию ахлоқӣ ва мазҳабии насли ҷавон аҳамияти беназир дорад.

Овардани чанде аз фикру ақида ва таҳлилу таҳқиқи он моро бо ҳастӣ, ҷаҳонбинӣ ва хулқу атвори Имоми Аъзам ошно месозад, ки барои ҳалли бисёре аз муаммоҳои дунёи имрӯз, масъалаҳои душвори тарбияи ҷавононаҳамият доранд. Чунончи, дар васиятнома ба шогирди беҳтаринаш гуфтааст:

“Ба ҳокими вақт эҳтиром бигузор ва шахсияташро бузург шумор, дар ҳузури ӯ аз дурӯғгӯӣ бипарҳез!

Дар оғози ҷавонӣ, ки қалбат фориғ ва хотират ором аст ва ҳанӯз фарзандони зиёд зеҳнатро мушавваш накардааст, илм биёмӯз, сипас аз роҳиҳалолмол ҷамъ кун, он гоҳ издивоҷ намо, зеро агар ҳамзамон бо талаби илм ба фикри ҷамъ кардани мол шавӣ, вуҷуди мол туро ба зиндагии пурайшу нӯш кашида, дар натиҷа аз талаби илм оҷиз хоҳӣ монд ва агар дар даврони таҳсил ба фикри издивоҷ бияфтӣ, мумкин аст маҷбур шавӣ, то барои рафъи ниёзмандиҳои зану фарзандон талош кунӣ ва шояд аз таҳсили илм даст бикашӣ, ки дар ин сурат на илм омӯхтаӣ ва на мол ба даст овардаӣ.

Агар даҳ сол ҳам бидуни касбу қут мондӣ, аз илм рӯй магардон, чунки илм зикри Худост ва Худованд мефармояд: «Ва ҳар кас аз ёди Ман рӯйгардон шавад, зиндагонии танг хоҳад дошт ва рӯзи қиёмат ӯро нобино барангезем». («Тоҳо»; 124).

Бо шогирдонат чунон мушфиқона рафтор кун, ки гӯё ҳар як аз ононро фарзанди худат медонӣ, зеро ин амр рағбату алоқаи онҳоро ба илм бештар хоҳад кард.

Ин васияти ӯ инсониятро ба гуманизм - инсондӯстӣ, дӯстию рафоқат ҳидоят менамояд.

Инчунин, барои шогирде, ки номаи камолро сарфароз гардида, ба гӯшае дурдаст барои оғози фаъолият аз рӯи касби худ раҳсипор, Имоми Аъзам дар мактуб- васиятномааш чунин навиштааст:

«Акнун гӯё он саҳнаро дар пеши чашмонам муҷассам мебинам, ҳангоме ки ту ба шаҳри Басра дохил мешавӣ ва бо мухолифони мо дар он шаҳр рӯ ба рӯ мегардӣ, бо истифода аз ғурури илмиат худро аз онҳо беҳтар медонӣ ва гӯё мехоҳӣ илматро ба рухи онон бикашӣ. Ин кашмакаш чунон шиддат мегирад, ки рафта-рафта аз нишасту бархост бо онҳо сар мепечӣ, онҳо бо ту мухолифат мекунанд ва ту бо онҳо, онҳо бо ту қатъи робита мекунанд ва ту бо онҳо, онҳо туро дашном медиҳанд, ту онҳоро, онҳо туро гумроҳу мубтадеъ мехонанд ва ту онҳоро, саранҷом ҳардуямон зери суол меравем ва обрӯямон мерезад, он гоҳ ту маҷбур мешавӣ онҳоро тарк гӯӣ ва ба ҷои дигаре фирор кунӣ, аммо бидон ва огоҳ бош, ки ин тарзи тафаккур дуруст нест, ки инсон бо мардум мудоро накунад ва бо дасти худаш чунин шароитеро ба вуҷуд орад, ба ҳар ҳол бояд бо мардум сохт, то ин ки Худованд роҳи баромаде бикушояд.

Пас ҳар гоҳ вориди Басра шавӣ, мардум туро истиқбол хоҳанд гирифт, ба мулоқотат хоҳанд омад ва аз ту пазироӣ хоҳанд намуд, ту қадри ҳар касеро бишинос, мардуми шариф ва шахсиятмандро азиз бидор, уламоро таъзим кун, эҳтироми бузургсолонро ба ҷо биёр, бо хурдсолон лутфу нармӣ кун, ба мардуми авом наздик машав, бо бадкорон мудоро кун ва бо некон дӯстӣ барқарор намо, ҳокими вақтро кам машумор, ҳеч касро таҳқир макун, дар мурувват кӯтоҳӣ манамо, рози худатро ба касе изҳор макун, то касеро наозмудаӣ, ба дӯстияш эътимод макун, бо одами хасису фурӯмоя дӯстӣ манамо, чизе, ки ба зоҳират намезебад, бо он улфат маҷӯй, ҳаргиз бо аҳмақон бетакаллуф машав, аз пазириши даъват ва ҳадя худдорӣ намо, ҳамеша мудоро ва сабру таҳаммул пеша кун, синафарох ва ахлоқи хуш дошта бош, либоси нав бипӯш, маркаби хуб дошта бош, атру хушбӯии зиёд истеъмол кун, як вақтеро барои анҷоми корҳои шахсиат ҷудо кун, ҳамеша аз ахбору аҳволи ходимон ва зердастонат огоҳ ва бохабар шав, дар таъдибу тарбияти онҳо ҷиддӣ бош, дар ин кор аз нармӣ истифода кун, зиёд онҳоро сарзаниш макун, ки беасар хоҳад шуд, бо дасти худ танбеҳашон макун, то ки виқорат пойдор бимонад, бар намозҳоят пойбанд бош, саховат кун ва суфраатро кушода бидор, ки бахил ҳаргиз лоиқи сарварӣ нест, дӯстони мутмаин ва мушовирони доное дошта бош, ки ҳамвора туро аз ҷараёни таҳаввулоти рӯзмарра ва ҳолоти мардум огоҳ созанд, то тавонӣ фасодро ислоҳ кунӣ ва хубиҳоро парвариш диҳӣ, аз ҳама кас ёд кун ва ба мулоқоташон бирав, чӣ касоне, ки ба мулоқоти ту меоянд ва чӣ ононе, ки намеоянд, бо ҳама кас хубӣ кун, хоҳ касоне, ки ба ту хубӣ мекунанд ва хоҳ касоне, ки намекунанд, афву гузашт пеша кун, ба некӣ суфориш намо, аз корҳои пучу бемаънӣ канора гир, касе, ки ба ту озор мерасонад, аз ӯ даргузар, дар нигоҳдошт ва адои ҳуқуқ шитоб кун, агар касе аз бародарон ва ҳамнишинонат бемор шуд, шахсан худат ба аёдаташ бишитоб ва аз тариқи дӯстони дигар низ пайваста ҷӯёи аҳволаш бош, агар касе аз онон аз маҷолисат ғоиб шуд, аҳволи ӯро ҷустуҷӯ намо ва агар касе аз онҳо аз ҳузур дар маҷлиси ту худдорӣ намуд, ту ӯро раҳо макун ва робитаи худро бо ӯ қатъ магардон, касе, ки ба ту ҷафо мекунад, бо ӯ низ рафтуомад кун, касе, ки пеши ту меояд, икромаш кун, касе, ки ба ту бадӣ мекунад, аз ӯ даргузар, касе, ки дар бораи ту сухани зишт мегӯяд, ту аз ӯ ба ҳусну хубӣ ёд кун, агар касе аз онон мурд ва бар ту ҳаққе дошт, ҳаққашро адо намо, агар касе хушие дошт, ба ӯ табрик бигӯ, агар мусибате дошт, ӯро тасаллӣ бидеҳ, агар ба вай офате расид, бо ӯ ҳамдардӣ кун, агар касе туро барои коре фаро хонд, бирав, агар аз ту кумак хост, ба вай кумак кун, агар аз ту ёрӣ хост, ба ӯ ёрӣ расон, то метавонӣ дар ҳузури мардум изҳори дӯстӣ кун, салом карданро ом гардон, агарчи ба мардуми пасту беэътибор бошад, агар бо дигарон дар маҷлис як ҷо шудӣ ва масоили илмие матраҳ шуд ва дидӣ, ки дар баҳсу гуфтугӯ бар хилофи назариёти ту масоиле гуфта шуд, ту бевосита бо онон мухолифат макун, агар аз ту дар бораи масоиле пурсида шуд, аввалан ҳамон дидгоҳеро баён кун, ки онҳо бо он ошноянд ва онро дуруст медонанд, баъд аз он дидгоҳи дигарро матраҳ намо, масалан мегӯӣ: «Дар ин бора як қавли дигар низ ба ин шарҳ ҳаст ва далелаш чунин аст», вақте ки онҳо назари туро гӯш кунанд ва ҳикмати туро бубинанд, ки дар маҷлиси ту ҳозир мешавад, ки ту ҳақиқатан олим ҳастӣ ва қадри туро хоҳанд донист, саъй кун ҳар касе, ки дар маҷлиси ту ҳозир мешавад, аз илм маҳрум нагардад, тибқи ҳолати ҳар кас миқдоре илм ба вай биёмӯз, то онро ёд бигирад ва дар он биандешад, бо мардум фақат масоили асосиро матраҳ кун ва аз тарҳи ҷузъиёт бипарҳез, мардумро ҳамеша маънусу саргарм дошта бош, гоҳе бо онон шӯхӣ кун ва дӯстона суҳбат намо, ки ин гуна умур муҳаббати туро дар қалби мардум меафзояд ва ба ҳузури онҳо дар маҷлисҳои илмӣ давом мебахшад, гоҳе мардумро ба хӯрдани ғизо даъват кун, аз хатоҳои онон чашмпӯшӣ намо, корҳояшонро анҷом бидеҳ, ба онон нармӣ кун, агар лағзиш дидӣ, ба тавре аз он бигузар, ки гӯё асло надидаӣ, бо ҳеч кас аз онон изҳори дилтангӣ ва нороҳатӣ макун, тавре бо онон бархӯрд кун, ки гӯё фарде аз ҷумлаи онҳо ҳастӣ, рафторат бо мардум ҳамчунон бошад, ки бо худ рафтор мекунӣ, барои онҳо ҳамон чизеро биписанд, ки барои худат меписандӣ, барои ислоҳи нафси хеш аз худи нафс кумак бигир, ба ин гуна ки онро аз хомиҳо боздор ва ҳамвора аҳволашро муроқибат кун, аз шарписандӣ бигурез, агар касе аз ту изҳори танаффур кард, ту аз вай мутанаффир машав, касе, ки ба ту гӯш медиҳад, ту низ ба ӯ гӯш бидеҳ, коре, ки мардум туро ба он водор накардаанд, ту низ касеро ба он водор макун, тавре бо онҳо бархӯрд кун, ки онон чунин бархӯрдро барои худ биписанданд, ба онҳо нияти неки худро нишон бидеҳ, аз ростӣ кор бигир, такаббурро раҳо кун, мабодо касеро фиреб диҳӣ, гарчи туро фиреб диҳанд, амонатро ба соҳибаш баргардон, гарчи дигарон ба ту хиёнат кунанд, вафо пеша кун, ба тақво чанг бизан, бо пайравони динҳои дигар рафтори муносиб намо, агар ба ин васияти ман амал намоӣ, умедворам солим бимонӣ».

“Бидон, ки ҳар гоҳ бо мардум бадрафторӣ кунӣ, бо ту душман хоҳанд шуд, агарчи падару модарат ҳам бошанд, вале ҳар гоҳ бо мардум рафтори хуш дошта бошӣ, агарчи бо ту хешовандӣ ҳам надошта бошанд, барои ту монанди падару модар хоҳанд гардид.”

Сипас фармуд: «Аз ошноӣ бо ту бисёр хурсандам, аммо инак, ки аз ман ҷудо мешавӣ, хеле нигарон ва нороҳатам, ҳамвора ба ман нома бинавис ва маро аз эҳтиёҷот ва мушкилоти худат огоҳ гардон, ту бароям ба мисли фарзанд ҳастӣ, зеро ки ман барои ту ба монанди падар ҳастам».

Дар таълимоти худ Имоми Аъзам танҳонекбинӣ, мадоро, ақли солим, талқини роҳи рости зиндагӣ, бе хиёнат, бе фиреб, бе дурӯғ, бо сабру тамкин, боақлу фаросотиро арза намудааст. Аз рӯи мазмун ва мӯҳтавои васият ба шогирд аён мегардад, ки ба майдатарин ҷузъиёти муомилот ва рафтор бо риояи маданияти баланди ахлоқи неки инсонӣ муносибат карданро талаб дорад. Имоми Аъзам шахсияти беназирест, ки худаш ба тамоми гуфтаҳояшмувофиқ амал мекард.

Дар замони муосир аз рӯи хабарҳо ва маълумотҳои иттилоотӣ инсоният дониши худро такмил медиҳад, ки ба роҳи нодурусти рафтору ахлоқӣ ҳам мебарад, бояд эҳтиёт шуд. Дар асоси адабиётҳои бадеӣ, панду андарзҳо ва васиятномаҳо низ беҳтарин донишҳоро дастрас кардан мумкин аст, то насли ҷавон омӯзанд.Баҳри тарбияи маънавӣ ва ахлоқиинасли ҷавончакидаҳо, пандҳо, гуфторҳо, саҳначаҳо, филмҳо оид ба ҳаёт ва фаъолияти шахсиятҳои намунаи ибрат, мисли ҳаёт ва фаъолияти Имоми Аъзам шахсиятҳои беҳамторо мураттаб намуда, пешкаши омма кард. То ки дар тарбияи насли ҷавон ва ҳам гурӯҳи шахсиятҳое, ки дар рафти ҳаёти худ ба хондану донистани бисёр маводҳо муваффақ набуданд, таъсири хуб расонда бошем, ки тарбиятгари неки фарзандҳо, соҳиби маданияту ахлоқи ҳамида ва дорои хислати баланди инсонӣ гардида бошанд.

Имоми Аъзам дар васият ба фарзандаш низ суханони ҷолиб гуфтааст, ки ин ба тарбияи фарзандон барои волидон ҳам муфид аст.Дар поёнмеоварем:

Фарзандам!Худованд туро ба роҳи рост иршод ва таъйид кунад, мехоҳам туро чанд васият кунам, ки агар онҳоро ба ёд супорӣ ва дар амал татбиқ кунӣ, умедворам, ки иншоаллоҳ саодати дунё ва охиратро ҳосил кунӣ.

“Дар тамоми корҳо нияти худатро холис гардон ва дар ҳар сурат кӯшиш кун, ки ҳалол бихӯрӣ.

Ба панҷ ҳадисе, ки аз миёни панҷсад ҳазор ҳадис интихоб кардаам, амал кун:

Дору мадори тамоми аъмол бар ният аст ва подоши ҳар шахс мутобиқи нияти ӯ хоҳад буд.

Аз аломатҳои диндории як шахси мусулмон ин аст, ки корҳои лояънӣ ва бефоидаро тарк кунад.

Ҳеч яке аз шумо то ҳангоме ки мусулмони комил наметавонад бошад, ки он чиро барои худаш меписандад, барои бародари мусулмонаш низ биписандад.

Ҳалолу ҳаром ошкор аст ва дар миёни он ду масоили зиёде муштабеҳ аст, ки бисёре аз мардум онро намедонанд, пас касе, ки аз чизҳои шубҳанок парҳез кунад, дину обрӯяшро маҳфуз доштааст ва касе, ки дар чизҳои шубҳанок бияфтад, дар ҳаром афтодааст, монанди чӯпоне, ки рамаашро дар атрофи киштзор мечаронад, анқариб ба киштзор дохил хоҳанд шуд. Сипас фармуданд: «Огоҳ бош! Ҳар подшоҳ ҳудуде дорад. Огоҳ бош, ки ҳудуди Худованд ҳамон чизҳоест, ки иртикоби онҳоро бар бандагонаш ҳаром кардааст. Огоҳ бош! Дар ҷисми инсон тиккаи гӯштест, ки агар дуруст шавад, тамоми ҷисм дуруст мешавад ва агар фосид гардад, тамоми ҷисм фосид мегарад. Огоҳ бош, ки он қалб аст».

Мусулмони комил касе аст, ки мусулмонони дигар аз дасту забонаш солим бимонанд.

Амонати бузурге бар дӯшат ниҳода шудааст, амонате, ки бузургтарин уламо аз таҳаммули он оҷизанд. Ту акнун монанди ғариқе ҳастӣ, ки бояд барои наҷоти худ чорае биандешӣ.

Пас ҳар гоҳ тарафайни даъво назди ту ҳозир шуданд, дар байни нотавону тавонманд, беобрӯву обрӯманд дар ҷои нишаст, дар гӯш кардани ҳарф, дар суҳбат кардан, дар ҳама чизҳо адолат кун, ҳаргиз магузор аз ту ҳаракатесодир шавад, ки обрӯманд ба хотири эътибораш дар миёни мардум дар ту тамаъ кунад ва беобрӯ ба хотири заъфу нотавониаш аз ту ноумед гардад.

Ҳеч гоҳ дар ҳолати дилтангӣ ва хашму ғамгинӣ ҳукм макун, на дар ҳолате ки эҳтиёҷ ба дастшӯӣ дошта бошӣ ё гурусна бошӣ ва на ҳангоме, ки қалбат ба ҷои дигаре машғул бошад, вақте ҳукм содир кун, ки аз ҳама ҷиҳат фориғдил ва мутмаин бошӣ.

То вақте ки ҳама сабабҳои иттиҳом бароят мушаххас нашавад, бар ҳеч касе ҳукм содир макун.

Райи ман ин аст, ки ҷабрро ба ҳеҷ кас раво намебинам».

Тамоми гуфтаҳои Имоми Аъзам бароиинсониятҳамчун ганҷи бебаҳост.Хуб мешуд, ин бароисаросари мардум хуш пазироӣ мешуд, торӯи олам боғи биҳишт мешуд.Ин аст, кишахсиятҳои шоҳирИмоми Аъзамроаз фардҳои нодир донистаанд. Аз ҷумла А. Насриддинов дар мақолаи “Ба номи он ки ҷ.онро ҳикмат омӯхт Имоми Аъзам дар xаҳони фикрии суханварони адаби форсӣ” овардааст:

“Дар осори Масъуди Саъди Салмон, Сайид Ҳасани Ғазнавӣ, Анварӣ, Муиззӣ, Зоҳири Форёбӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Аттори Нишопурӣ, Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Назирии Нишопурӣ, Сайидо, Бедил, Ҳазини Лоҳиҷӣ ва шоирони дигар мо ишорати саҳеҳро ба фазоили ахлоқӣ ва таълимоти равшангари Имоми Аъзам дарёфт хоҳем кард”.

“Бо таъбироти Ҳаким Саноии Fазнавӣ ҳарф занем, Абӯҳанифа – Имоми Аъзам инсони покизаxоне буд, ки бо «ҳирси фазл», «мулки ақл», «дасти адл», «хулқи хуб», «табъи пок», «базли меҳр» парвариш кард. ҳамин сифатҳо ӯро ба хулуд ва ҷовидонагӣ пайваста, номи некашро зевари авроқи девонҳо сохтанд”.

“Вафоти хазрати Имоми Аъзамро уламои шаҳрҳои дигар шунида мегуфтанд: «Афсӯс, ки дарёи илм аз олам рафт». Ва баъзе дигар мегуфтанд, ки «Равшангари нури илм аз Куфа рахт баст, ки аҳли Ироқ чун ӯ ҳаргиз нахоҳанд дид».

Хулоса, ҳаёт ва фаъолияти шахсияти беназире, ки барои тамоми шахсиятҳои некмаҳзар қобили қабул аст, имрӯз низ назариёти маънавию ахлоқии Имоми Аъзам барои тарбияи насли ҷавон ва аҳли ҷомеаи идомадиҳандаианъанаҳои миллӣхуш пазирошаванда хоҳад буд.

Адабиёт:

  • Абдулманнони Насриддин Имоми Аъзам дар xаҳони фикрии суханварони адаби форсӣ.- Хуҷанд. 2009.
  • Маҷмуъаи васиятҳои Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) Таълиф: Муфтӣ Муҳаммад Ошиқи Илоҳии Баландшаҳрӣ. Тарҷума: Абдуллоҳи Ҳайдарӣ Таҳия: Худойдоди Қурбон.Душанбе, 2015.
  • Муҳаммадшариф Ҳимматзода. Зиндагӣ ва осори Имом Абӯҳанифа.- Душанбе, 2004.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ