ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА СУЛҲУ СУБОТ ДАР КИШВАР

Раҳматов Ш.

Тоҷикистони азизи мо аввали солҳои 90-уми садаи бист ба арсаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Гурӯҳҳои мухолиф, шахсони мансабталаб, бадхоҳони дохиливу хориҷии миллати куҳанбунёди мо намехостанд, ки мардуми тоҷик аз самараҳои истиқлолият баҳраманд гардад. Вазъият бахусус тирамоҳи соли 1992 хеле муташанниҷ гардид. Тамоми хоҷагии халқ ва шохаҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, кор то ҷое расид, ки чанд тан бесаводу модарбахатои одамсурати ҳайвонтабиат Президенти қонунии аз ҷониби халқи мамлакат интихобшударо дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе гаравгон гирифта, ба истеъфо додан маҷбур намуданд. Хатари ҷиддии маҳв шудану аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ба амал омада буд.

Фарзандони ҷасуру сарсупурдаи миллат, намояндагони мардумии Шӯрои Олӣ бо дарки амиқи таҳдиди хатар ба халқу миллат ва нобудшавии мамлакат бар зиддиҷангу талошҳои бемаънӣ, ҷудоиандозии душманон, ба гуфтаи мардум, аз як гиребон сар бароварданд.

Баъди саъю талошҳои пайгирона ва маслиҳату машваратҳои зиёди қувваҳои солимфикри ҷомеа ниҳоят имконияти мусоид фароҳам омад. Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби колхози ба номи Ӯрунхӯҷаеви ноҳияи Хуҷанд (алъон ноҳияи ба номи Б.Ғафуров) Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ ба кори худ шурӯъ намуд. Ин иҷлосия дар шароите баргузор гардид, ки хоҷагии халқи мамлакат ва тамоми шохаҳои ҳокимият тамоман фалаҷ гардида буданд. Дар чунин вазъиятиҳассос барои миллати тоҷик ва мамлакати Тоҷикистони соҳибистиқлол сарваре лозим буд, ки воқеан миллатдӯст бошад, барои сулҳу ваҳдат ҳатто ҷони худро дареғ надорад, роҳбаре лозим буд, ки манфиатҳои миллатро аз ҳама гуна манфиатҳои қавму маҳал болотар донад. Ва муҳимтар аз ҳама роҳбари оқилу доно ва хирадманд лозим буд. Хушбахтона, ба таъбири устод Лоиқ Шералӣ “Раҳми Парвардигори мо омад, Нури ҳақ бар диёри мо омад”. Намояндагони мардумӣ якдилона фарзанди фарзонаи сарзамин, сиёсатмадоризираку ботамкин ва дурбин мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарвари давлати ҷавони Тоҷикистон интихоб намуданд. Ин иҷлосия, ки дар он паёми сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллати тоҷик ба таври қатъӣ садо дод, дар таърихи Тоҷикистони навин марҳилаи навро боз намуд. Сарвари ҷавону умедбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол аз минбари иҷлосия ба ҳайси раиси тозаинтихоб гуфта буданд:

-Ё ман дар Тоҷикистон сулҳро барқарор мекунам, ё дар ин роҳ ҷони худро қурбон месозам.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ваколати роҳбариро ба ҷомеаи Тоҷикистон дод, ҳамзамон ба дӯши ӯ вазифаи пурмасъулият-бунёди давлати воқеан соҳибистиқлол ва демократиро вогузошт. Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сармеъморе баргузида шуд, ки мебоист на фақат иморати аз ҷанг вайроншудаи давлати тоҷикро тармим кунад, балки сохтмони онро дар пояҳои устувору қавии сифатан нав таҳким бахшад.

Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тҷикистон Парчам, Нишони давлатӣ тасдиқ гардида, ҳукумати қонунӣ таъсис ёфт, ки созмон додани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро мақсади асосиихеш қарор дод. Саъю кӯшишҳои хайрхоҳонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба мақсадҳои наҷиби меҳанпарастӣ ва умумибашарӣ таҳти роҳбарии дурандешона ва ғамхоронаи Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оштии миллӣ, оташбас ва ваҳдату ягонагӣ, муттаҳидию якпорчагии сарзамини тоҷиконро дар заминаи машварату қарордодҳои байналмилалӣ пайваста таъмин намуда, бо дастгирию миёнаравии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва кишварҳои кафили сулҳ-Россия, Қирғизистон, Қазоқистону Туркманистон ва Ӯзбекистон дар доираи ризоият ва ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон таҳким бахшиданд.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидоштақувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Ҳамзамон онҳо аз артиши пурқудрати Шӯравӣ техникаи мухталифи ҷангӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунро мерос гирифтанд. Вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси артиши Иттиҳоди Шӯравӣ бархурдор гардад.

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дивизияи тирандози 201-ум ҷойгир буд. Мутаассифона, он замон дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт ва милликунонии он метавонист сабабгори васеъ ва тӯлонӣ гардидани ин муноқиша гардад. Раванди ҳодисаҳои баъдӣ исбот намуд, ки дар ихтиёри Россия мондани дивизияи 201-ум ягона роҳи ҳалли дуруст ва ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст.

Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ афсарони мо баробари дар сангарҳо ҷангидан, ба танзими сохтори ташкилию штатии худ машғул шудаанд. Таҳкурсии моддӣ-техникӣ умуман вуҷуд надошт. Норасоӣ ба кадрҳои ҳарбӣ ва мутахассиони касбӣ дар ҳама ҷанбаҳо ҳис мешуд. Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат роҳи пурпечутоберо тай намуда, таҷриба андӯхт ва ба яке аз артишҳои касбии минтақа табдил ёфт. Бунёди қувваҳои мусаллаҳ кори осон набуд ва он давра ба давра сурат гирифт.

Мақсади асосии давраи аввали сохтмони артиши миллӣ ин ташкили қувваҳои ҳарбие буд, ки қобилияти таъмини истиқлолият, якпорчагии хоки Ватан ва оромии ҳаёти осоиштаро дошта бошад. Ба ин мақсад бригада ва баталиёнҳои тирандоз таъсис ёфтанд, ки вазифаи асосии онҳо муқовимат бо қуввахои зиддидавлатӣ ва муҳофизати сохти конститутсионӣ буд.

Давраи дуюм иборат аз такмили сохтори ташкилию штатӣ буда, бо таъсиси намудҳои асосӣ, ба монанди қӯшунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ оғоз гардид. Дар ин давра ҳамчунин ҷузъу томҳое, ки тавонанд мутобиқи тағйирёбии воқеии вазъи ҳарбӣ-сиёсии минтақа амал намоянд, созмон ёфтанд.

Давраи сеюми сохтмони қувваҳои мусаллаҳ пас аз имзо расидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин давра вазифа ва таъиноти намудҳои амалкунандаи қувваҳои мусаллаҳ аз нав баррасӣ шуданд. Бо шомил гардидани силоҳбадастони собиқ мухолифини тоҷик сохтори ташкилию штатӣ тағйир ёфт.

Айни замон дар қувваҳои мусаллаҳ гузаронидани ислоҳоти ҳарбӣ идома меёбад. Намуди нави қувваҳои мусаллаҳ - қувваҳои зудамал бе афзоиши теъдоди умумӣ таъсис гардид. Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ мутаҳид шуданд. Чунин навгониҳо, пеш аз ҳама ба болоравии омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ ва таҳкими қобилияти онҳо баҳри тағйирёбии вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ, яъне мутобиқ сохтани аксуламали фаврӣ равона шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ мо ба мушкилоти нарасидани кадрҳои ҳарбӣ рӯ ба рӯ шудем ва дар ин ҷода Федератсияи Россия ба мо дасти кӯмак дароз кард.

Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳ хизматчиёни ҳарбии мо дар макотиби олии Вазорати мудофиаи ин кишвар таълим мегиранд. Ҳоло дар макотиби гуногуни ҳарбии Россия беш аз 400 мутахассиси тоҷик дарс меомӯзад. Дар бахши омӯзонидани мутахассисони ҳарбӣ ба мо Ҷумҳурии Халқии Хитой (зиёда аз 40 нафар), Ҷумҳурии Ҳиндустон (зиёда аз 60 нафар), Британияи Кабир (ҳар сол 2 нафарӣ), Канада (8 нафарӣ), Ҷумҳурии Федералии Олмон (9 нафар), Фаронса (35 нафар) ва Амрико (4 нафар) ба таври ройгон кӯмак менамоянд.

Дар навбати худ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тайёрии кадрҳои ҳарбӣ барои артиши навтаъсиси Афғонистон кӯмаки бародарона расонид. Дар назди Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа 26 нафар хизматчиёни ҳарбии ин кишвари ҳамсоя муддати 6 моҳ таҳсил кардаанд. Тамоми хароҷоти вобаста ба будубоши онҳо дар Тоҷикистон ба зиммаи мо буд. Ҳамзамон дар Вазорати мудофиа усулҳои камхарҷу пурсамари таълими ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳ, баланд бардоштани малакаи ҷангӣ ва обутоби ҷисмонии аскарон амалӣ мегардад. Дар назди ҳар як қисми ҳарбӣ марказҳои таълимӣ, майдончаҳои машқӣ амал мекунанд, ки ба омодагии ҷангии қӯшунҳо ва самарабахшии машқҳои таълимию машғулиятҳо мусоидат менамоянд. Натиҷаи омӯзиш дар семинару курсҳои бозомузӣ ва такмили ихтисоси афсарон, ки ҳар сол дар дохил ва хориҷи кишвар барои такмили донишҳои назариявию амалӣ мегузаранд, қаноатбахшанд.

Ин тадбирҳо дар бахши тайёрии мутахассисони ҳарбӣ ва такмили таҷрибаи афсарон минбаъд низ идома меёбад. Мустаҳкам намудани руҳияи низомии сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандустӣ, эҳтиром ба мукаддасоти Ватан, ифтихори миллӣ, шохаи асосӣ ва муҳими корҳои тарбиявӣ дар артиш маҳсуб меёбад.

Ҳамин тариқ, аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки он ба халқ ва давлат роҳбари сазовору нотакрорро пешниҳод намуд, пеши роҳи нобудшавии халқу миллатро гирифт, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш сохт, ба ваҳдати миллӣ замина гузошт ва, билохира, Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат ба арсаи саломат баргардонд.

Мо мардуми шарифи Тоҷикистони азиз бояд аз он сарбаланд бошем, ки бо роҳи муайяннамудаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи боз ҳам дурахшон қадамҳои устувор гузошта истодаем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ