Ҳуқуқи кӯдакон ва ҳимояи онҳо

Саломатии инсон неъмати олии ҷудонопазири инсон аст, хусусан ба воя расонидани насли солим Шабнам Худойдодова, фаъоли ҳуқуқи башари тоҷик, дар гуфтугӯ бо пойгоҳи Кимиёи саодат, бо баёни ин ки ман пеш аз ҳар чизи дигар модар ҳастам, гуфт: “Дар Тоҷикистон ба ҳуқуқи кӯдакон таваҷҷӯҳ намешавад, аз ин рӯ ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон, аз ин рӯ ҳимоя аз ҳуқуқи кӯдакон барои ман дар дараҷаи аввал меистад. Мутаассифона чунин афрод ба монанди Шабнам Худойдодова танҳо ба камбудиву норасоиҳо назар мекунанд ин қадар дастоварду муваффақиятҳои давлату роҳбарияти ҳукуматро дар масоили беҳтар намудани шароити моддиву маишии кӯдакон нодида мегиранд, як маротиба чашми хирад кушода хуб назар кунед!

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 баён намуда буданд “Барои давлат миллати солим, халқи солим лозим аст”.Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ ва рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар баробари дигар ҳуқуқҳои дар қонун нисбати кӯдакон муқарраршуда, яке аз онҳо ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ мебошад.

Пеш аз ҳама дар моддаи 34 Конститутсияи ҶТ муқаррар шудааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Инчунин моддаи 38 Конститутсияи ҶТ кафолат медиҳад, ки ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аъзои комилҳуқуқи СММ Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонид. Мувофиқи моддаи 24 Конвенсияи мазкур давлатҳои иштирокчӣ ҳуқуқи кӯдакро барои истифода намудани хизматҳои бештар такмилёфтаи системаи тандурустӣ ва воситаҳои табобати бемориҳо ва барқарорсозии саломатӣ эътироф менамоянд. Давлатҳои иштирокчӣ барои таъмини он саъю кӯшиш мекунанд, ки ягон кӯдак аз ҳуқуқи худ барои дастрас намудани ин гуна хизматрасониҳои низоми тандурустӣ маҳрум карда нашавад.

Бинобар ин ҳифзи саломатӣ ва рушди кӯдак дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад, зеро саломатии аҳолӣ ва хусусан насли наврас яке аз омилҳои муҳими таъмин намудани солимии миллат, бехатарии давлат ва рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад. Ҷиҳати таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакон заминаи зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ташкил карда шуда, стратегия ва барномаҳои дахлдор аз ҷумла; Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикситон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқхои кӯдак”, Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020, Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам барои солҳои 2017-2020 ва дигарҳо қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

Мутобиқи талаботи моддаи 46 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, шабакаи васеи муассисаҳои тиббӣ ва кӯдаконаро инкишоф медиҳанд, барои сиҳатии кӯдакон дар ин муассисаҳо масъул мебошанд.

Пешгирии бемории кӯдакон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи волидайн ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Кӯдакон бояд давра ба давра ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаронда шаванд ва ба воситаи эмкунии пешгирикунанда аз бемориҳо ҳифз карда шаванд.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон дар муассисаҳои низоми давлатии тандурустӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки ройгони тиббӣ-санитарӣ расонида мешавад. Кӯмаки тиббии фаврӣ дар ҳар муассисаи табобатӣ-профилактории наздик, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва ҳудудӣ, инчунин шакли моликият, ройгон таъмин карда мешавад.
Яке аз омилҳои ҳифзи саломатии кӯдак ин беҳтар намудани ғизои кӯдакон ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ба ҳисоб меравад. Тибқи моддаи 24 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, давлатҳои иштирокчӣ барои мубориза бо беморӣ ва гуруснагӣ, аз ҷумла дар доираи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ бо роҳи истифода дар баробари дигар усулҳо аз технологияи дастрасу содда ва бо дарназардошти хатар ва эҳтимоли олудасозии муҳити зист муҳайё намудани хӯроки серғизо ва оби тозаи нӯшокӣ, таъмини огоҳонии ҳама табақаҳои ҷамъият, аз ҷумла волидайн ва фарзандон аз саломатӣ ва ғизои кӯдакон, афзалиятҳои синамакконӣ, тозагии бадан, санитарияи муҳити зисти кӯдак ва пешгирии ходисаҳои фалокат, инчунин ба кӯдакон дастрас намудани таҳсил ва дастгирии онҳо дар истифодаи чунин донишҳо, бояд тадбирҳои самарабахш ва заруриро андешанд. Бинобар ин, ҷиҳати таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба рушди ғизои мактабӣ ва муҳимияти таъмини хонандагон бо ғизои солим, барои инкишофи нерӯи таҳсилотӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, бо дарназардошти рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015 таҳти №101 Консепсияи беҳтар намудани ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва амалӣ шуда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак барои ҳифзи саломатии кӯдакон пайваста чораандешӣ менамояд. Ҷиҳати иҷрои тавсияҳо вобаста ба гузоришҳои муттаҳидаи сеюм панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2022 Нақшаи миллии амалҳо тасдиқ карда шудааст. Дар бандҳои 21-26 нақшаи мазкур вобаста ба такмили хизматрасониҳои тиббӣ нисбат ба кӯдакон, таъмини ғизои солим, тавсеаи хадамоти машваратии равонӣ, тақвияти барномаи пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ бо таваҷҷуҳ ба ҷавонон, андешидани тадбирҳо дар самти мубориза бо ВНМО/БПНМ, андешидани тадбирҳо вобаста ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, чорабиниҳо пешбинӣ шудааст. Барои дар амал татбиқ шудани меъёрҳои қонун вобаста ба истироҳат ва фароғати наврасону ҷавонон ҳар сол аз тарафи Ҳукумати ҶТ қарори дахлдор қабул карда мешавад. Тибқи он вазорату идораҳои дахлдор барои иҷрои корҳои ба салоҳияташон дохилшуда вазифадор карда мешаванд, ки истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишию солимгардонӣ ва наздимактабиро бо мутахассисон таъмин намуда, барои дастрас кардани роҳхатҳо ба кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони қобилиятнок ва кӯдакони кормандони соҳаи кишоварзӣ, инчунин ҳамлу нақли онҳо ба истироҳатгоҳҳо ва бозгашт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ифтитоҳи ҳама намудҳои истироҳатгоҳҳо танҳо дар асоси хулосаи мақомоти давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сухтор иҷозат дода, дар истироҳатгоҳҳо таъмини хӯроки гарм тибқи талаботи қоида ва меъёрҳои санитарӣ ташкил карда мешавад.
Кӯдакон ва наврасоне, ки ба роҳхатҳо ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ дастрасӣ надоранд аз мадди назар дур намемонанд, дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар муассисаҳои таълимию тарбиявие, ки ошхонаи ҷавобгӯи талаботи санитарию эпидемиологӣ доранд, барои кӯдакон ва наврасон истироҳатгоҳи солимгардонии рӯзона ташкил карда мешавад.

Барои ба таври доимӣ ба истироҳат ва фароғат фаро гирифта шудани кӯдакон ва наврасон аз тарафи роҳбарияти давлату ҳукумат пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Хусусан дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ корҳои назаррасе ба сомон расида истодааст.
Барои як давлати навбунёде ба мисли Точикистон боз чӣ лозим аст, ки ин қадар эътирозу норизоият.

Салимов Эраҷ - омузгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

ва фарҳангшиносии МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ