Ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳтар!!!

Шиносоӣ бо Изҳороти Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба воқеаҳои минтақаҳои Ворух ва Хоҷа Аълои шаҳри Исфара давоми санаҳои 13-14 – уми марти соли 2019 собит месозанд, ки то ҳанӯз нафароне ҳастанд, ки мехоҳанд байни давлатҳои ҳамсоя низоъ ангезанд. Эҳтимол меравад, ки бо ин мақсаддушманон нафарони алоҳидаро киро ё худ зархарикардаанд, ки саркардаи моҷарои мазкур раиси деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткен, шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Роза Усарова аз ҷумлаи онҳост. Зеро, байни Тоҷикистон ва Қирғизистон қарордодҳои дуҷониба доир ба амалҳои махсус мавҷуд мебошад, ки мувофиқасозии ҳарду ҷонибро тақозо менамояд. Бидуни огоҳ намудани ҷониби Тоҷикистон аз тарафи Қирғизистон сохтмони роҳи “Коктош – Оқсой - Тамдиқ” оғоз карда шудааст, ки кирдори ғайриқонуни мебошад. Гирифтани гаравгонон, сангсоркунии дастаҷамъона, истифодаи силоҳи шикорӣ ва дигар амалҳои номатлуб нишон медиҳад, ки гурӯҳи муайяни ифротиён мавҷуданд, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи ҳуҷастапай мехоҳанд вазъияти идонаро халалдор намоянд.

Дар байни миллатҳои соҳибтамаддуни олам миллатҳои тоҷику қирғиз мавқеи хосаро соҳиб мебошанд ва тӯли садсолаҳо дар мавзеҳои зикрёфта паҳлӯ ба паҳлӯ зиндагони менамоянд. Вале, баъзе нафарони ношукр фирефтаи доми нокасони хориҷӣ шуда ҳаракат доранд, ки оромии мавҷуда дар сарҳадро халалдор намоянд.

Раиси деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткен, шаҳрванди Ҷумҳурии ҚирғизистонРоза Усарова ба манфиати шахсии худ такя намуда оромӣ ва ҷони ширини чандин нафарро аз ҳарду ҷониб ба хатар мондааст. Ин зани аблаҳ, ки дар мақомоти хизмати давлатӣ фаъолият менамояд, гумон кардааст, ки ғасби минтақаи коркарди захираҳои сангу шағали мавзеи наздикии деҳаи Хоҷа Аълои Ҷумҳурии ҳамсоя бе муқобилият мегузараду ӯ манфиат мебинад. Ҳол он, ки ангезидани низоъ ва амали ғайриқонунии ин зани иғвогар аҳли деҳаҳои Воруғ ва Хоҷа Аълои шаҳри Исфараро ноором намуда боиси фавти 2 шаҳрванд ва бардоштани ҷароҳатҳои вазнинии ҷисмонии 11 нафари тоҷикон гардидааст.

Аз ин лиҳоз, ҳаракатҳои иғвоангезонаи раиси деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткен, шаҳрванди Ҷумҳурии ҚирғизистонРоза Усароваро амали ношоистаи ғайриқонунӣ меҳисобам ва ба мақомотҳои қудратӣ муроҷиат менамоям, ки нисбати ин зани аблаҳ парвандаи ҷиноӣ оғоз ва ӯ ба маҳбаз кашида шавад.

Лаънат бар иғвогарон ва низоъ андозандагони ду миллати дӯсту ҳамсоя!!!!

М.С. Собиров, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ