Ғурури ватандории ҷавонон боло рафтааст!

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати дониш ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар “Кохи матбуот”-и шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҷавонон зидди терроризм ва экстремизм” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҳайати маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” ва маҳфили тарғибгарони ҷавон “Андеша” – и назди МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” – и назди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, гурӯҳи ҷавонони “Авангард” – и назди РВКД ҶТ дар вилояти Суғд масоили мавҷударо матраҳ карда, мубодилаи афкор намуданд.

Гуфта шуд, ки аз лаҳзаи ташкил то ҳол тамоми фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ғайриқонунӣ буда, даст ба амалҳои номатлуб задани аъзои он боиси марги мукаррамтарин мавҷудоти рӯйи олам - инсон гаштааст.


Ҷаҳонгир МАХКАМОВ, донишҷӯи бахши чоруми

факултети таърих ва ҳуқуқ, аъзои маҳфили “Нерӯи сухан”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ