Дуст бошем, иттифоқ бошем то дигарон ба тинҷию амонии мо дахолат накунанд

Имруз барои ҳамаи мо маълум аст, ки яке аз проблемаҳои асосии ҷомеаи имрузаи демократии ин маҳалгароӣ мебошад.Маҳалгароӣ худаш чист? Ин барои давлат барои ҷомеае, ки дар он зисту зиндагонӣ мекунанд манфиате дорад. Бас нест охир?Воқеаҳое, ки солҳои 90-ум шуда гузашт басанда нест?.

Баъдаз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ва баъди ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар як қатор кишварҳои он низоъҳои сиёсӣсар зад, ки ин боиси ранҷҳои шаҳрвандони он гардид. Мисоли сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки боиси ба парокандагӣ сабаб гардидани он гардид аз моҳи майи соли 1992 то июни соли 1997 давом ёфта буд. Воқеаҳои фоҷиавии аввали солҳои 90-уми ҷумҳурӣ ҳамчун саҳифаи сиёҳ ба таърихи халқи тоҷик дохил гардиданд. Ин воқеаҳо дар матбуоти даврӣ, китобу мақолаҳо бо чунин номҳо «ҷанги бародаркуш», «ҷанги минтақавӣ» ва ғайра баён ёфтааст.

Агар ба сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон нигоҳ кунем ин сабабу оқибатҳои худро дошт, ки ин:

- нобаробар ҷойгир шудани корхонаҳои саноатӣ (бештар дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказии Тоҷикистон), ки боиси паст шудани сатҳи зиндагии аҳолии ноҳияҳои ҷанубиву кӯҳистонӣ ва норозигии қавму гурӯҳҳои (элитаи)"ҷанубӣ" гардида буд;

- афзалияти тафаккури қавмию маҳалгароӣ нисбат ба миллӣ байни аҳолӣ (бо сабаби маҳдуд будани робитаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии байни минтақаҳои ҷумҳурӣ);

- реша давондани мазҳабҳои гуногуни исломӣ ва баланд гардидани нуфузи пешвоёни дини ислом дар байни аҳолии деҳот, ва шиддат ёфтани зиддияти дохилимазҳабӣ ва маҳалгароӣ байни пешвоёни дин;

Ин буд сабабҳои боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон гардид. Чуноне, ки огаҳӣ дорем барои ба даст овардани истиқлолияту Ваҳдату ягонагӣ чи қадар ҷоннисориҳо кардаем, ки ҳамаи ин заҳматҳо барои боз ҳам вусъат ёфтани сулҳ дар Тоҷикистон мебошад. Бояд қайд кард, ки имрўзҳо низ дар ҷамъиятшахсоне вомехўранд, ки ҳамин масъаларо боз ҳам ба кор оварда мардумро гумроҳ месозанд. Имруз мо фирефтаи чунин гумроҳи нашуда сарҷамъ шуда, барои гулгулшукуфоии кишвари азизамон якҷоя фаъолият барем ва барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣ якҷоя фаъолият барем. То кай мо ба масъалаи маҳалгароӣ даст мезанем? Барои ин бояд якҷоя шуда миллати худро пеш барем ин маҳалгароӣ барои мо ягон манфиат надорад. Ин сабаб танҳо паст кардани нуфузи кишвар ва бад гардидани зисту зиндагони мардум мегардад.

Мисол,ҷанги шаҳрвандӣ чи қадар барои мо офатҳои зиёдро ба миён овард. Ҳазорон нафар шаҳрвандони бегуноҳ фавтиданд, ҳазорон шаҳрвандон фирор кардан, садҳо корхонаю саноатҳо аз кор мондан, ин буд яке аз нишонаҳои асосии маҳалгароӣ ва оқибати он. Бояд ба қадри ин тинҷию осудагӣ бирасем чуноне, ки дар ҳар баромади худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон махсус қайд мекунанд, ки бояд дар ҷомеа ҳисси якдиливу меҳанпарастӣ, ватандўстиву хештаншиносӣ ҳувайдо бошад ва мо мардуми халқи тоҷикин иқдомро пазироӣ карда, шукронаи сарсабзии кишвар мекунем.

Ҳамаи мо шаҳрвандонияк кишвари ободу зебо бо номи Тоҷикистон дорем биёед якҷоя барои гулгулшукуфии ҳамин сарзамини биҳиштосо якҷоя фаъолият барем дуст бошем, иттифоқ бошем то дигарон ба тинҷию амонии мо дахолат накунанд барои ҳамин мо ҳеҷ гоҳ суѓдиву хатлониву бадахшонӣ намегўем, зеро ҳамаи мо тоҷик ҳастем ва бо ин мефахрем, онро пос медорем ва ҳисси хештаншиносиро ҳифз менамоем.

Кафедраи сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ