Бунёди буғхона дар донишгоҳ

Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи касбии кишвар имрӯзҳо омодагӣ барои гузаронидани сармои зимистони имсола ҷараён дорад. Барои зимистонгузаронии соли таҳсили 2018-2019 МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» омодагии хеле хуб дида истодааст. Дар донишгоҳ нақшаи чорабинӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми апрели соли 2015, таҳти №261 «Дар бораи омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон» тартиб ва тасдиқ карда шуда, амалӣ мегардад. Ҳамасола барои зимистонгузаронӣ дар донишгоҳ ситоди фаврӣ бо ҳайати роҳбарикунандаи донишгоҳ дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ №689 аз 29-уми декабри соли 2017 (замимаи 1) ба роҳ монда шудааст.

Донишгоҳ дорои 8 бинои таълимӣ ва 4 хобгоҳ мебошад, биноҳои донишгоҳ ба пуррагӣ бо таҷҳизотҳои гармидиҳӣ, ба монанди гармкунакҳои равғанин, гармисарддиҳанда (кондитсионер) таъмин мебошанд.

Раёсати донишгоҳ ба нақша гирифтааст, ки барои бо пуррагӣ таъмин намудан бо системаи гармидиҳии ягона марҳала ба марҳала 2 адад буғхона барои ду бинои таълимӣ ва 4 бинои хобгоҳҳо сохта, ба истифода диҳад.

Аз санаи 20-уми июни соли равон барои бунёди 1 адад буғхона, ки дорои ду деги гармидиҳӣ мебошад, кори сохтмонии он аз тарафи ширкати «Экотехнолоҷӣ» ба роҳ монда шуд, ки дар як рӯз аз 5 то 10 нафар барои танзими системаҳои гармидиҳӣ дар бинои таълимии №2 кор мекарданд.

Системаи гармидиҳӣ ва сохтмони буғхона дар бинои таълимии 2 идома дорад, ки он дар як вақт то ҳаҷми 7000 м2 биноро гарм мекунад. Дар як вақт ду деги буғии дорои 350-и киловата кор мекунад.

Аз рӯи нақша бунёди системаи гармидиҳӣ ва сохтмони буғхона дар бинои таълимии №2 аз санаи 20-уми июни соли равон оғоз гардида, он то охири соли 2018 ба истифода бояд дода шавад. Айни ҳол корҳои системаи гармидиҳӣ ва сохтмони буғхона то 80 дарсад иҷро шудааст. Сохтмончиён мақсад доранд, онро пеш аз муҳлат ба истифода диҳанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ