Амният ва амнияти миллӣ: консепсия, моҳият, хусусиятҳо

ОҚИЛОВА М.М.

Дар ҳама давру замон масъалаи амният давлат, ҷомеа ва ҳар шахсро ба ташвиш меоварад. Дар ҳазорсолаи сеюм башарият бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав ба амният рӯ ба рӯ омадааст. Дар остонаи асри 21 низоми тартиботи ҷаҳонӣ ба тағйироти куллии сохторӣ дучор омад. Дар ин давра иқтидори иқтисодӣ ва сиёсии як қатор давлатҳо ва иттиҳодияҳои ҳамгирои онҳо нерӯманд гардиданд. Ба саҳнаи ҳаёти байналхалқӣсохторҳои фаромиллӣ ворид гардида, боиси ташаннуxи зиддиятҳо дар байни кишварҳои алоҳида мегарданд. Маҳз дар ҳамин давра таҳдидҳои терроризми байналхалқӣ ба вуxуд меоянд.

Азнавсозии ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодии амиқ дар ҷомеаи тоxик дар тамоми соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ тағйироти куллӣфароҳам овард. Солҳои охир таърихшиносон, файласуфон, сотсиологҳо, сиёсатшиносон, равоншиносон, иқтисодчиён, ҳуқуқшиносон, мунаққидон, адабиётшиносон ва мутахассисони дигар барои раҳоӣ аз бӯҳрони илм, дарки масъулият дар иxрои вазифа бо назардошти усулҳои навини тадқиқот кeшиши зиёд ба харx дода, дар таҳкими равобити пурсамар бо сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ саҳмгузорӣ намуда истодаанд.

Амният -ҳолати бехатарии манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад.

Ҳанӯз ҳам дар байни олимон ва муҳаққиқон чӣ нисбати моҳият ва мазмуни мафҳуми "амният" ва чӣ тамоюлҳои инкишоф ва нақши иҷтимоию сиёсии ин падидаи ҷамъиятӣ гуногунфикрӣ вуҷуд дорад ҳ1]. Дар масъалаи он, ки амният.. чист ва сохти он чӣ гуна аст, ақидаҳо гуногунанд. Масалан, як қатор муаллифон мазмуни мафҳуми "амният"-ро васеъ шарҳ дода, амалан онро бо мафҳуми "манфиатҳои миллй" монанд мекунанд. Аммо ин мафҳумҳо бо ҳамдигар алоқаизич дошта, аз бисёр ҷиҳатҳо бо якдигар мувофиқат кунанд ҳам, дар байни онҳо тафовутҳо низ ҳастанд. Қайд кардан лозим аст, ки дар луғати энсиклопедии Брокгауз ва Ефро дар мақолаи "Амният" дар бораи таҳдидҳо ба шахсият, ҷомеа ва давлат сухан рафта, инчунин зарурати бартараф намудани чунин хатарҳо, ба монанди аз ҳад зиёд афзоиш ёфтани аҳолӣ, бемориҳо ва ҳодисаҳои нохуш, гуруснагӣ ва "хатарҳое, ки ба несту нобуд шудани моликият таҳдид мекунанд" ҳ2], таъкид карда мешавад.

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоxикистон бо чопи мақолаи “Амният ва илм” изҳори назарҳои xолибу хондание дар бораи амнияти миллӣ кардааст. Аз xумла e менависад, ки

«Аз лиҳози сиёсӣ истилоҳи "амният" муродифи калимаи "давлат" аст ва баръакс. Аввалин тасаввурот оиди ниёзи одам, xамъият ба мавxудияти муҳимтарин ва гаронтарин xузъи системаи сиёсӣ таҳти номи "давлат", зарурати таъмини амнияти худи инсон ва xомеаро дар назар дорад»ҳ3].

Соҳаи амният фазои иxтимоию сиёсиест, ки асоҳои бунёдии ҳастии xамъиятро фаро мегирад. Қайд кардан лозим аст, ки танзими махсус ба манфиати мухофизат аз таҳдиду хатарҳо на ҳамаи падидаю равандҳоеро талаб мекунад, ки маxмӯи мушаххаси муносибатҳоро тавсиф менамоянд, балки он падидаю равандҳоеро талаб менамояд, ки асоси ҳаётии фаъолияти xомеа ва шаҳрвандони онро муайян мекунанд. Системаи истеҳсолию иқтисодии ҷомеа, соҳаи робитаҳои иҷтимоӣ ва сиёсии инсон, инчунин соҳаи ҳаёти маънавии ӯ ба мавҷудият ва инкишофи бехатар ниёз доранд. Бо мақсади роҳ надодан ба равандҳои бетартибона ва стихиявй - ин соҳаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ба тадбирҳои махсуси танзим ба манфиати таъмини тавозуни тадриҷӣ, субот, тамомият ва мутобиқати унсурҳои асосии таъсири берунӣ ва дохилии ҷомеа эҳтиёҷ доранд.

Ҳамин тариқ, чунин фаҳмиши соҳаи амният имкон медиҳад, ки он дар муқоиса ба сиёсат монанд карда шавад. Соҳаи амниятро низ ба монанди майдони сиёсат муҳити зиддиятнок муайян мекунад ва ягонагии он фазои иҷтимоие, ки дар он онҳо интишор меёбанд, дар ҳамин зоҳир мегардад. Дар асоси ин, гуфтан мумкин аст, ки манбаъҳои бисёре аз зиддиятҳои сиёсӣ дар худи системаи давлати сермиллат ниҳонанд. Албатта замоне, ки идеологияҳои миллии аз тарафи аксари ин мамлакатҳо дастгиришаванда ба ҳимояи хусусиятҳои хоси халқҳои дар ин кишвар истиқоматкунанда равона гардидаанд. Аз ин рӯ, аксар вақт вазъиятҳои зиддиятнок пайдо шуда, ба низоъҳои шадид табдил хоҳанд ёфт. Яъне маълум аст, ки дар аксари ин давлатҳо ҳанӯз воситаҳои коҳиш додани чунин радикализм ва пешниҳод намудани "манфиатҳои миллӣ" вуҷуд надоранд.

Шубҳае нест, ки майдони амниятро фазои васеъ меҳисобанд, зеро ҳама гуна проблемаҳои бунёдии фаъолияти системаи ҷамъиятӣ бевосита ё бавосита бо проблемаи ҳокимият алоқаманд мебошанд. Ғайр аз ин, тамоми соҳаи амният бо падидаю равандҳои бунёдию дуюмдараҷааш соҳаи бевоситаи муносибатҳои давлатӣ башумор мераванд. Масалан, Тоҷикистон шарики стратегии Русия буд ва ҳаст. Русия, чун калонтарин шарики сиёсии Тоҷикистон, метавонад, агар образнок карда гӯем, дар чанд тахтаи шоҳмот бозӣ кунад, вале Тоҷикистон низ бояд ҳамеша сари тахтаи шоҳмот бошад, то лоақал бозиро бой надиҳад. Ин фақат аз сиёсати мо, аз динамизм ва тайёр будани он ба ҳама гуна ҳодисаҳои ғайричашмдошти сиёсй дар мамлакатҳои бародари ҳамҷавор вобаста мебошад.

Русия тағйир меёбад ва муносибатҳо бо он низ бояд мутобиқи талаби замон бошанд. В.В.Путин ва Э. Раҳмон, метавон гуфт, сиёсатмадорони этникии маҷрои нав мебошанд: онҳо доимо дар ҷустуҷӯи роҳҳои нави ғайриқолабии раҳоӣ аз вазъиятҳои муташанниҷи сиёсӣ мебошанд. Онҳо барои мамлакатҳои худ сиёсатмадорони созанда мебошанд.

Ин аст, ки майдони сиёсат ва соҳаи амният хусусиятҳои умумии зеринродорост:

а)ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дахл мекунанд;

б)муҳити зиддиятнок, соҳаҳои ихтилофноки ҳамкориҳои иҷтимоиро фаро мегиранд.

Ҳамин тариқ, дар бораи амният сухан ронда, қайд кардан лозим аст, ки "амният" ҳамчун истилоҳ баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон ба гардиши фаъол даромад, вақте ки тамоми мамлакатҳои ҷаҳон ба хулосаи умумие омаданд, ки ҷангхо бағоят харобиовар гардидаанд ва тамоми саъю кӯшиши ҷомеаи байналхалқӣ бояд ба пешгирии ҷанг, яъне иҷрои вазифаҳои таъмини бехатарӣ аз ҷанг равона карда шавад.

Ҳоло соҳаи амният яке аз соҳаҳои асосии фаъолияти ҳар як давлат, ҳадафи муборизаҳои дохилии сиёсӣ, таваҷxeҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ, тадқиқотҳои илмӣ ба шумор меравад. Ин дар навбати худ муносибати бошууронаро ба проблемаҳои амнияти миллӣ ва байналмилалӣ на фақат аз тарафи мутахассисон, балки аз тарафи доираи васеътари шаҳрвандон талаб мекунад.

Маҳз аз ҳамин сабаб проблемаҳои амният ба яке аз ҷузъҳои барномаи институтҳои таълимӣ ва тадқиқотҳо табдил меёбанд. Дар айни замон соҳаи амният дар дохили доираи васеътари сиёсатмадорон як навъ доираи мутамарказиро ташкил менамояд. Ҳама гуна фаъолияти таъмини амният - ин фаъолияти сиёсист, фаъолиятест, ки онро системаҳо ва методҳои сиёсӣ ба танзим медароранд. Фаъолияти таъмини амният ҳамчун фаъолияти муҳимтарини сиёсат баромад мекунад. Он дар зуҳуроти асосии худ моҳият ва мазмуни асосии сиёсатро ифода менамояд. Бояд гуфт, ки амният яке аз объектҳои асосии сиёсатшиносӣ ба шумор меравад.

Таҳлили ин проблема бидуни баррасии масъала оид ба намудҳои амният, ки дар асарҳои бисёр мутахассисон мавқеи махсусро ишғол намудааст, имконнопазир мебошад.

Нисбати маҳакҳои xудо кардани онҳо ва нисбати натиҷаҳои муайян кардани намудҳои мушаххаси амният ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд.

Маьлум аст, ки ҳамаи намудҳои амният, ки дар байни онҳо робитаҳои ҳамдигарии мураккаб вуxуд доранд, пеш аз ҳама бо он фарқ мекунанд, ки онҳо дар асоси таъмин ва танзими xанбаҳои муайяни муносибатҳои ҷамъиятӣ тафриқагузорӣ карда мешаванд. Инчунин, вактҳои охир тамоюли ҷудо кардани намудҳои нави амният ба мушоҳида мерасад. Масалан, торафт бештар дар бораи амнияти фарҳангӣ, амнияти зеҳнӣ, амнияти иттилоотӣ, амнияти генетикӣ сухан меравад, дар доираи амнияти маънавию ахлоқӣ бошад, чунин намудҳои амният, ба монанди амнияти психологӣ, дар системаи амнияти иқтисодӣ - амнияти техникӣ, технологӣ, инфраструктурӣ, асъорӣ ва намудҳои дигари он мушоҳида карда мешавад. Ҳамин тавр, тадқиқи намудҳои гуногуни амният то ҳол анxом наёфтааст. Бо назардошти тадқиқотҳои назариявӣ оид ба таҳлили моҳияти амният ошкор кардани намудҳои он, хусусияти манбаъҳо ва инчунин манбаъҳои таҳдид ва объектҳои он муносибати Ҷумхурии Тоxикистонроба дигар кишварҳо муайян менамояд.

Зери мафҳуми «амнияти миллӣ»ҳифзи манфиатҳои миллииин ё он ҷомеа аз таҳдидҳои гуногун дар назар дошта шудааст.

Истилоҳи «амнияти миллӣ» бори аввал соли 1904 дар паёми Президенти Амрико Т.Рузвелтба Конгресси ИМА истифода шудааст. Дар ин паёмсухан дар бораиҳамроҳ намудани минтақаиканали Панама ба ИМА рафта, ин амалиёт ҳамчун манфиатҳои «амнияти миллӣ»-и Иёлоти Муттаҳида маънидод карда шудаанд.

Дар солҳои минбаъдамасъалаи амнияти миллӣдар таҳқиқотҳои сиёсатшиносони Амрико мавқеи марказиро ишғол менамояд. Ва аз соли 1986 инxонибҳар сол раисҷумҳури Амрико бо паёми худ ба Конгресс муроҷиат менамояд, ки он «Стратегияи амнияти миллии ИМА» унвон гирифтаастҳ4].

То ба наздикӣ зери мафҳуми амнияти миллӣ нигоҳ доштаниистиқлолият ва тамомияти арзии давлат, пойдории он аз таҳдиди истифодаи қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби дигар субъектҳои муносибатҳои байналхалқӣ дониста мешуд. Вале чолишҳо ва таҳдидҳои даҳсолаҳои охирравишҳои гуногуни таҳлили мундариҷаи амнияти миллиро тақозо менамояд.

Имрӯз амнияти миллӣ ҳамчун муаммои системавии мураккаб дида мешавад. Он бояд дар заминаи васеъ бо дарназардошти на танҳо таҳдиди ҳамлаҳои низомӣ, забти марзу бум ва нобудсозии xисмонии аҳолӣ, балки дар асосимавxудияти омилҳои зиёд ва таҳдидҳо баррасӣ гардад.

Ин ҳолат тадқиқоти амиқи илмии хусусияти бунёдии соҳаи амнияти миллиро тақозо мекунад, ки ба самтҳои муҳим, махсусан дар муайян намудани манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат, ташкили механизмҳои таъмини иҷрои онҳо ва ҳифзи онҳо заруранд, нигаронида шудаанд.

Дар Консепсияи амнияти миллии Xумҳурии Тоxикистон нақши пешбарандаи илм дар ҳаёти кишвар ва ҳалли вазифаҳои амнияти миллӣ таъкид гардидааст. Мақоми пешбарандагииилмро тадбирҳои ташкилӣ ва амалии таъмини амниятиваз карда наметавонад.

Зери мафҳуми таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мақсадноки ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин шаҳрвандон дар муайян ва пешбинӣ намудани таҳдид ба амнияти шахс, ҷомеа ва давлат ва муқобилият ба онҳо ҳамчун шарти зарурӣ ва қатъии ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмида мешавад.

Таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фаъолияти на танҳо давлат, балки кулли ҷомеа ва ҳатто, ҳар як фарди ҷомеа дар алоҳидагӣ мебошад, ки ба таъмини манфиатҳои миллӣ, ба амалисозии воқеии онҳо равона карда мешавад.

Сиёсати амнияти миллӣ дар заминаи принсипҳои қонуннигории ҷиддӣ, риояи мизони манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат, масъулияти мутақобилаи шахс, ҷомеа ва давлат барои амнияти миллӣ, инчунин бо назардошти системаҳои байналхалқии амнияти дастаҷамъӣ пеш бурда мешавад.

Самтҳои асосии сиёсати амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа ва давлат, бо назардошти зарурияти коркард ва истифодаи пурмаҳсули воситаҳо алайҳи таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ ба ин манфиатҳо муайян карда мешавад. Мақсадҳои дарозмӯҳлати сиёсати амнияти миллӣ тавассути ҳалли маҷмӯи вазифаҳое, ки тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаётро фаро мегиранд, амалӣ карда мешаванд. Барои таъмини бомувафақияти сиёсати амнияти миллӣ аз ҷониби давлат барномаҳои мақсадноки мувофиқ коркард мешаванд, ки дар доираи онҳо вазифаҳои асосии сиёсати таъмини амнияти миллӣ муайян ва ҳал карда мешаванд.

Мақсади асосии таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташкил ва таъмини дараҷаи зарурии ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими тамоми объектҳои бехатарӣ маҳсуб меёбад, ки барои равнақи шахс, ҷомеа ва давлат шароити мусоид фароҳам оварад, пеши роҳи таҳдиди паст шудани нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ гирад ва имкониятҳои давлатро дар таъмини манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзун намояд.

Дар шароити имрӯза кишвареро дарёфт намудан мушкил аст, ки дар таркиби он миллату халқиятҳо ва умумиятҳои этникии мухталиф бо анъанаҳо, ҳуқуқҳо ва маданияти хоси худ зиндагӣ нанамоянд. Аз ин хотир, мақсади асосии манфиатҳои миллиро роҳ надодан бар ҳар гуна амалҳои зиддиятноки дохилӣ ва берунӣ, ки ба рушди муносибатҳои байниҳамдигарии онҳо монеа гардад, ташкил медиҳад. Давлат дарҳол мақсади бартараф намудани онҳоро менамояд. Таъмини амнияти давлатӣ ва бехатарии он, пеш аз ҳама, тавассути воқеӣ гардонидани ҳадафҳои стратегии давлат ба амал бароварда мешавад.

Аз ин хотир, дарки амиқи масъалаҳои амнияти миллӣ аҳамияти муҳим пайдо намудааст. Аммо дар он нақши ҳадафҳои стратегии давлат ва консепсияи амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусияти он бештар барҷаста гардида, таҳия ва қабули он амали зарурӣ ва саривақтӣ мансуб меёбанд. Зеро масъалаи мазкур тарафҳои мухталифро фаро гирифтааст ва дар олами сиёсат акторҳои гуногуне фаъолият менамоянд, ки ба мақом ва нақши давлат дар сиёсати ҷаҳонӣ таъсири амиқ ва пешбар мерасонанд.

Дар марҳалаи кунунии инкишоф вазифаҳои муҳими Давлати Тоҷикистонро чунин ҷиҳатҳо ташкил медиҳанд: дарки амиқи манфиатҳои кишвар ва воқеияти нави геополитикии олами муосир; раҳоӣ аз бӯҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ ва таъмини инкишофи мавзуни ҳаёти иҷтимоию ҳифзи манфиатҳои одамон; мусоидат намудан ба ташаккулу инкишофи мутаносиби таркиби иҷтимоии ҷомеа, махсусан ёрӣ расонидан дар ташаккули «синфи миёна»-и ҷомеаи тоҷикистонӣ; дар ҳолати мавзун нигоҳ доштан ва инкишофи муносибатҳои мутақобилаи аксарият ва ақаллияти миллӣ; фаҳми саривақтии пайдоиши оппозитсияи сиёсӣ, ба назар гирифтани манфиатҳо ва самаранок гардонидани фаъолияти он; ғамхорӣ дар ҳаққи ҳамватанони бурунмарзӣ ва ғайра.

Раҳоӣ аз бӯҳрони молиявию иқтисодӣ, ташаккули иқтисодиёти мустақили миллӣ дар заминаи ашёи хоми ватанӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, дарёфти технологияи нав ва дигар воситаҳо ба сифати манфиатҳои ҳаётан муҳими иқтисодии Тоҷикистон баромад менамоянд, ки дар ояндаи дуру наздик он бояд роҳи ҳалли худро пайдо созад. Ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар раванди хоҷагидорӣ ва идоракунӣ комилан имконпазир аст.

Мардуми Тоҷикистон ба мисли халқҳои дигари минтақа имконият пайдо намудаанд, ки сарватҳои табиии хешро комилан соҳибӣ намоянд. Барои содирот ва истифодаи сарватҳои зеризаминии табиӣ давлатҳои бузурги чаҳонӣ ва минтақавӣ ташвиқу тарғиб менамоянд, ки дар минтақа бозори озод ва умумӣ таъсис дода шавад. Дар чунин шароит зарур аст, ки равандҳои дохилии кишвар дар заминаи арзишҳои xаҳонӣ таҳлил ва натиxагирӣ шаванд ва баррасии масъалаҳои сарватҳои табииро вобаста ба манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ мавриди ҳал қарор додан лозим аст.

Аз мавқеи ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар соҳаи иқтисодиёт имкониятҳои асосиро гузариш ба устуворӣ ва пойдории инкишоф ташкил менамояд. Онҳо аз устувории истеҳсолот ва молия, тезонидани тағйироти куллӣ ва муҳайё намудани шароити хуби сармоягузорӣ, ҳимояи манфиатҳои истеҳсолкунандагони ватанӣ ва баланд бардоштани фаъолияти сармоягузорӣ таркиб ёфтаанд.

Назарияи тезонидани суръати тараққиёт идеологияест, ки ба зинда мондани инсоният равона шудааст. Он воситаест, ки дар оянда таъмини амнияти миллиро ба амал мебарорад. Тоҷикистонро зарур аст, ки низоми хоҷагидорӣ ва иқтисодиро ҳимоя намояд, сатҳи зиндагии мардумро баланд бардорад, талаботҳои асосӣ ва ниёзи одамонро аз ҳарвақта дида бештар қонеъ гардонида, барои рушди иқтисодиёт ва пешравии соҳаҳои иқтисодӣ мубориза барад.

Мақсад ва вазифаи муҳимтарини Давлати Тоҷикистонро муҳайё намудани шароити кафолатнок барои ҳаёти озоду бехатари шаҳрванд, фард ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Агар Ҷумҳурии Тоҷикистон бартарии ҳуқуқҳои инфиродии шахсиятро нисбати ҳар гуна зуҳури ин падида эътироф ва эҳтиром намояд, бо кишварҳои мутамаддини олам мепайвандад. Зеро дар инкишофи ҳамкориҳо ва пайвастагиҳо эътирофи афзалияти ҳукуқҳои шахрванд нисбати шаклҳои дигари зуҳури ҳуқуқи инсон воситаи муҳим ба шумор меравад. Вазифаҳои мазкур моҳият ва хусусияти амнияти миллиро дар раванди сиёсии ҷаҳонӣ инъикос менамояд.

Яке аз сабабҳои асосии рӯ овардан ба таҳлили амнияти миллӣ дар фазои геополитикии олам андозанамоии сиёсати ҷаҳонӣ мебошад. Ҳангоми таназзул, аз байн рафтани «ҷанги сард» ва ташаккул ёфтани низоми нави чаҳонӣ масъалаи манфиатҳои миллӣ дар сиёсати давлатӣ яке аз омилҳои муҳим дар таъмини амният ва устуворӣ ба шумор меравад. Бинобар ин консепсияи амнияти миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар заминаи баҳисобгирии манфиатҳои миллӣ-давлатӣ, тадриҷан қонеъ гардонидани талаботҳои гуногуни аксарияти аҳолӣ омода гардидааст, ҳуҷҷати муҳими тақдирсози кишвар ва роҳбалади зарурии мақомоти низомӣ, қудратӣ ва тамоми муассисаҳои идораи корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Моҳияти асосии консепсияи амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташхиси масъалаҳои стратегии инкишофи Тоҷикистон ва роҳу воситаҳои ба низом овардани онҳо аз ҳар гуна хавфҳо ташкил медиҳад. Он ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус медиҳад.

Дар таъмини бехатарӣ ҳар як фард ва давлат масъулияти хоса доранд. Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ масъалаи масъулияти давлат ва шаҳрванд дар таъмини амнияти давлатӣ беҳуда дарҷ нагаштаанд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳифзи ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст. Аз ин хотир, ғамхории давлат нисбати таъмини амният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз меафзоядҳ5].

Давлат бояд низоми муташаккил ва муттамарказе ба миён орад, ки шахс, ҷомеа ва давлатро аз нооромиҳо ва муқовиматҳо эмин дорад ва он аз ҳар гуна хавфу таҳдидҳо озод бошад, вагарна устувории иқтисодӣ ва иҷтимоию сиёсӣ гирифтори бӯҳронҳо мегарданд. Дар қатори онҳо таҳдидҳои дигаре низ арзи ҳастӣ доранд, ки ба амнияти миллию давлатӣ таъсир мерасонанд ва дар шаклҳои гуногун зоҳир мегарданд.

Адабиёт:

1.Маҳмадов А.Н. Сиёсатшиносӣ. Душанбе., 2010.- саҳ.371

2.Луғати энсиклопедӣ // Нашриёти Ирфон, 1989. - С. 304-307

3.Саймумин Ятимов. Илм ва амният // Ҷумҳурият.- 30.05.2017

4.Шерстюк В.П. Национальная безопасность России и наука // www.liӣ.socio.msu.қu

5.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Душанбе, 2016

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ