​Тоҷикистон нурборон мешавад…

Барои мардуми шарифи Тоҷикистон санаи 9-уми сентябри соли 2019 ид болои ид буд, ки то дергоҳ ин соати саиду деринтизор дар хотири эшон боқӣ хоҳад монд. Зеро нахуст, таҷлили бошукўҳи иди миллӣ – 28-умин солгарди Истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дувум, ба кор андохтани чархаи дуюми НБО «Роғун» - иншооти ормонии миллати тоҷик, ки ҳар ду ҳам дар зиндагии мардуми мо воқеаи фараҳбахшу масарратовар мебошанд.

Маҳз аҳамият ва нақши иншоотҳои сохташаванда дар равнақу шукуфоии зиндагии ояндаи мардум онҳоро бошукўҳу пуразамат мекунад, ки бешак, НБО «Роғун» аз зумраи ин гуна сохтмонҳоест, ки баъди баанҷомрасии он истиқлолияти энергетикӣ, ки яке аз ҳадафҳои стартегии мо мебошад, таъмин гардида, шароит барои ба хориҷ содир намудани неруи барқ фароҳам оварда мешавад.

НБО «Роғун» манбаи равшаноиву гармии хонаи ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки мардум солиёни дароз чашминтизори ба кор шурўъ намудани он буданд. Ин сохтмони муҳим дар минтақа ягона иншоотест, ки мардум бо шавқу ҳавас ва номуси ватандорӣ саҳмияҳои онро харидорӣ намуда, бо ҷону дил ҷанобдори ҳар чи зудтар сохтани он буданд. Воқеан, мурдум дар замоне саҳмияҳои ин иншооти оромниро харидорӣ намуданд, ки зиндагияшон чандон хуб набуд, вазъи иқтисодияшон дар пояи нигаронкунанда қарор дошт. Аммо аз рўи номуси меҳанпрастӣ ва ору нанг охирин маблағи худро барои сохтани он доданд ва итминон доштнад, ки рўзе ин кохи бегазанди нур, алорағми бадхоҳон, қомат хоҳад афрохт. Инак он фурсате, ки даҳ сол қабл мардум дар зеҳни худ парвариш мекарданд фаро расид ва Тоҷикистони азизу маҳбуби мо чароғонтар шуд.

Мардум дар замоне барои сохтани ин кохи номусу нанг камари ҳиммат бастанд, ки дар фасли даймоҳ интиқоли неруи барқ маҳдуд гардида, ҳамсояҳои «босаховат»-и мо газро мунқатеъ месохтанд. Бояд аз эшон имрўз ташаккур гўем, ки маҳз ин «тараҳҳум»-и онҳо буд, ки «Роғун»-ро сохтем ва кишваре, ки баробари боридани нахустин барф ба се пора ҷудо мешуд, ба ҷумҳурии воҳид табдил дода, онро аз бунбасти коммуникатсионӣозод намудем.

Зиҳӣ, номуси ватандориву меҳанпарастӣ, зиҳӣ нангу ори ориёӣ, ки дар мушкилтарин вазъият чунин иншоти азими аср сохта шуд. Зинда бод, кишвари ҳамешабаҳору чароғони мо, зинда бод, миллати созандаву бунёдкори тоҷик, зинда бод, миллати озодаву озодандеши мо! Мо чархаҳои боқимондаи «Роғун»-ро ба рўи шонаҳои худ ва бо устухони ҷони хештан хоҳем сохт. Зинда бод нур! Зинда бод гармиву сурур! Зинда бод равшаниву ободии меҳан! Зинда бод Тоҷикистони азиз!

Кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ