​Роғун - роҳ ба рушноӣ

Роғун неъмати бебаҳо ва сарчашмаи муътамади комёбӣ ва саодати беназиру беҳамтои мардуми шарафманди Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Нурафшонии иншооти аср НБО Роғун ва ифтитоҳи агрегати дуюми он ҳам ба таҷлили ҷашни бошукўҳи давлатӣ рост омад, ки басо рамзист. Рушди соҳаи энергетика ба тараққиёти мунтазами иқтисодии Тоҷикистон, хусусан, дар самти татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар нақши калидӣ мебозад.

Дар замони соњибистиќлолӣ ба кор даромадани НБО Роғун боиси сарфарозӣ ва ифтихори миллии мардуми Тољикистон аст. Шуљоати сохтмончиёни тољик, њаёти њамарўзаи муњандисон ва мутахассисони намояндагони дигар миллату халќиятњо ба хотири бунёд намуданиин иншооти бузурги аср ва нури ояндаи Тољикистон корњои ѓайриимконро амалӣ намуда истодаанд.

Роғун - омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ободии Тоҷикистони азизамон мебошад. Мо изҳори умед менамоем, ки ин омил боз як қадами устувор барои расидан ба истиқлолияти комилиэнергетикиикишвар мебошад. Он нињоди бузургтарини амнияти энергетикии кишвари азизамон ба шумор рафта, барои рушди имрўз ва фардои халқу миллат ањамияти беназир дорад.

Роғун ҳақиқат аст, к-эҳёи халқи мост,

Бунёди миллат аст!

Роғун ҳақиқатест, к-ин халқи покҷон

Соҳибасолат аст!

Декани факултети филологияи тоҷик

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ