​Дар Тоҷикистон ба паймони наҳзат ниёз нест

Боиси зикр аст, ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шуд. Дар воқеъ агар аз ҳама ҷиҳат ба фаъолияти ин ташкилоти экстремистӣ-террористӣ назар афканем мушоҳида мешавад, ки паймони миллӣ ин ҳамон ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом аст, ки аз ҳам танҳо бо ном тафовут дорад.

Ҳадафи паймони миллӣ унвон гирифтани ТЭТ ҲНИ дар он аст, ки бо шинохти мақсаду амалҳои тахрибкоронаву хиёнаткоронаи ТЭТ ҲНИ аксари кишварҳои олам ва созмону ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ фаъолияти ин ташкилотро дар ҳудуди қаламрави худ манъ намуданд. Акнун наҳзатиҳо бо роҳбарии террорист Муҳиддин Кабирӣ азм доранд то паймони миллӣ таъсис дода, ғамхориву пуштибонии хоҷагони хориҷии хешро ба худ афзун гардонанд.

Дар ҷаласаҳои солонаи САҲА ширкат ва бар зидди давлату миллат сухан рондани ин тоифа хоинону бадхоҳони миллат шаҳодат аз бадтинативу тангназарии онҳост.

Агар ба таърихи таъсиси паймони бо ном миллӣ назар афканем мушоҳида мегардад, ки ин ташкилоти ифротӣ моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ аз Тоҷикистон, бо муттаҳид сохтани ба ном ташкилотҳое чун: «Анҷумани озодандешони тоҷик», «Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон», «Ассотсиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ» ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, таъсис ёфт, ки роҳбарони ҳамаи онҳо маҳз пасмондаҳои наҳзат маҳсуб меёбанд.

Аз ин нуктаи назар, ки паймони миллӣ боқимондаву пасмондаҳои ташкилоти ифротии ҳизби наҳзати исломро фаро гирифтаву мисли он мақсаду ҳадафи нопок дорад фаъолияти тахрибкоронаи онро шадидан маҳкум менамоем.

Сатторова Фарзона

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ