​Изҳороти кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ

Пешвои миллат, ҷаноби олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон Эмомалӣ Раҳмон мо бо шумоем як тану як ҷонем. Он камбудиҳое, ки ҳастанд дар оянда мешавад аз ин лиҳоз мебошад, ки ба назари мо дар як сол мо се сол ба пеш рафта истодаем. Аз ҳисоби муваффақиятҳо албатта камбудиҳо ҳам баъзе пайдо шуданаш мумкин аст.

Дар ҳақиқат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо бисёрмеҳнати пурмашаққат намуда, бо аҳоли дар асоси меҳру муҳаббати инсонӣ, бо дар асоси Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бахтномаи миллат кору фаъолият дар сатҳи баланд рафта истодааст.

Ягон шахсе нест, ки ба кӯмак ё барои дастгирӣ муроҷиат намояд, дастгири нашуда бошад. Ҳамеша дар таҳти назорати мақомотҳо мебошад, ки онҳо ҳама нағз медонем ва сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамонро дастгирӣ менамоем.

Душманони Тоҷикистон камбудиҳоро кофта, мехоҳанд, ки кори сиёсии Тоҷикистонро вайрон мекунад. Ба ин рӯзҳои беҳтарин яъне ба Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушкилӣ расидаем. Мо бояд ҳар як қадру қиммати одатҳои ниёгони худро эҳтиром намоем. Дар кишвари азизамон чӣ андоза навгониҳо шуда, давлати соҳибистиқлоламон гул гул шукуфта истодааст. Мо мехоҳем, ки ягон нафаре ба пешравии давлатамон халалдор нашаванд.

Ба пешвози 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд, ки ин мувофиқи мақсад буда сол ба сол зиндагии мардум беҳтар шуда истодааст, ки мо ҳама гувоҳи ин муваффақиятҳо мебошем.

Таърих гувоҳ аст, ҳама он муваффақияту камбудиҳоро ки барои соҳибистиқлол гаштани Ҷ.Т. чи қадар сангинро аз сар гузаронида бояд ҳар як шахс дарк намояд, хулоса барорад, аз калон то хурд маданияту фарҳанги баланд бояд дошта бошад, чи тавре, ки Пешвои миллат, фармудаанд бояд ба таърих назар афканем.

Аз ин лиҳоз мо ҳама якҷоя як мақсаду орзу дорем, сулҳ озодӣ меҳнати ҳалол, зиндагии шоистаро меҳохем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ