​Дарси кушод дар факултети биология ва химия

Дар кафедраи ботаника ва морфологияи растаниҳои факултети биология ва химияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар мавзӯи "Сикли инкишофи растаниҳои лучтухм дар мисоли санавбар" дарси кушод барои донишҷуёни курси аввали ихтисоси биология баргузор гардид.

Дотсенти кафедраи ботаника ва физиологияи растаниҳо Ёқуб Ҳомидов оид ба навъҳои растании лучтухм, таърихи пайдоиш, афзоиш ва истифодабарии он маълумоти муфассал ироа намуд.
Зикр гашт, ки санавбар яке аз манбаъҳои асосии тозагии ҳаво ба шумор рафта, чӯби он дар саноат, хусусан, мебелсозӣ фаровон истифода мешавад.

Сипас, дар доираи мавзӯъ намоиши слайдҳо ва навор сурат гирифта, он мавриди муҳокимаи устодону донишҷӯён қарор гирифт.

Дилфузахон Қаюмова - аъзои маҳфили "Нерӯи сухан"

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ