​Дар кўчаҳои ғурбат ба ҳалокат мерасанд

Дар даврони Истиқлолият дар Тоҷикистон дигаргуниҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ ба вуҷуд омаданд. Таъсири тағйироти сиёсӣ, аз қабили бисёрҳизбӣ, озодандешӣ, парлумони касбӣ, интихоботи алтернативӣ ва ғайра дар ташаккули афкору маърифати сиёсии мардум нақши хоса гузошт. Ин таҳаввулот нишонаи бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, ҳама баҳри беҳбуд, рушд ва ваҳдату суботи аҳли кишвар равона карда мешавад. Ягон шахси худогоҳ наметавонад, нисбати рўйдоди атрофаш беэътиноӣ зоҳир карда, аз ин худро дар канор гирад.

Чанд сол аст, ки хоинони миллат ба монанди Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Сайидюнуси Истаравшанӣ ва Илҳом Ёқубов аз самараҳои даврони Истиқлолият баҳраҳои зиёд бурда, роҳи гурезро пеш гирифта, дар хориҷи кишвар паноҳ бурданд. Онҳо мехоҳанд тарафдорону пайравони худро зиёд намуда, ин миллатро парешон созанд. Барои ҳамин тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ гузоришоту суханрониҳои фитнаангез ва тафриқаандоз, манфиатҳои ТТЭ ҲНИ ва созмони бо номи Паймони миллии Тоҷикистон дифо намуда, ба тарғибу ташвиқи супоришҳои хоҷагони хориҷиаш машғуланд.

Дар ёд дорам, ки падари Илҳом Ёқубов Дадоҷон Ёқубов устоди донишгоҳ буданд. Аз гуфти донишҷӯёни ин устод ӯ ба донишҷӯён дар вақти таълим аз одобу ахлоқ, ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, корҳои савоб, дӯстию садоқат сухан мегуфтааст. Аммо ӯ бо ҳамроҳи писараш имрӯз узви ашаддии ТТЭ ҲНИ ва хизматгори Кабирӣ буда, дар хориҷи кишвар қарор дорад. Фаъолияташ аз тӯҳмату бӯҳтон ва даъватҳои ғайриқонунӣ иборат аст.

Онҳо то ҳоло як масъаларо дуруст дарк накарданд. Имрӯз тафакури одамони мо аз солҳои 90-уми асри гузашта хело тараққӣ кардааст, мардуми меҳнаткаши Тоҷикистон акнун зиракии сиёсӣ, ҳисси ватандорию инсоншиносиро аз даст надода намедиҳад ва намегузорад дар кишварамон ҷанг эҳё гардад.

Зеро мардум ҳаёти осоишта, осмони соф, хандаи кўдакон, дарёфти нони ҳалолро из ин дасисабозиҳо авлотар медонад. Ин мардони ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон» бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ гардидаст. Боиси хушнудист, ки халқи равшанзамир мўйро аз хамир ҷудо кард. Касе ба онҳо тарафдорӣ намекунад ва ин амали онҳоро мазаммату маломат мекунад. Дар саҳифаҳои Шабақаи Интернет иқдомҳо онҳоро маҳкум менамояд. Ниятҳои бади ин шахсони раҳгумзада дар мусофират боиси нафрат ва ғазаби сокинон мегардад. Онҳоро дар кўчаҳои ғурбат ба ҳалокат мерасонанд.

Р.Усанов

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ