​Ҷамъбасти 6 ҳафтаи таҷрибаомӯзӣ

Дар литсейи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки устодони кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дарси тарбиявии намунавӣ баргузор гардид.

Дарс ба мавзӯи "Наврӯз ва анъанаҳои наврӯзӣ" бахшида шуда, бо истифода аз методи салоҳиятнокӣ сурат гирифт. Хонандагон доир ба анъанаҳои неки ниёгон андешаронӣ намуда, порчаҳои шеърӣ ва сурудҳои дилнишин дар васфи Наврӯзи хуҷаста қироат намуданд.

Дар интиҳо роҳбарияти литсей барои ҳамкории судманд ба Раёсати донишгоҳ арзи сипос намуда, таъкид намуданд, ки минбаъд низ ҳамкории илмиву таълимӣ бо ин муассисаи олии кишвар ба таври зарурӣ густариш ва тақвият дода мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ