​ДДХ: Баргузории конфронс бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Нақши Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ” дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” баргузор гашт.

Конфронсро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфта, баён дошт, ки таъмини сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон яке аз хизматҳои бузурги барозандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, шахсияти ин фарзанди фарзонаи миллатро чун меъмори сулҳу ваҳдати тоҷикон муаррифӣ менамояд.

Ректори донишгоҳ доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон ба номи Бобоҷон Ғафуров дар маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳри Хуҷанд ҳарф зада, гуфт, ки ҳоло дар ин Кумита 16 ташкилоти ибтидоӣ фаъолият дошта, наздик 2041 нафар аъзои ҳизбро муттаҳид сохтаанд.

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Матлубахон Сатториён ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Наим Маликисломӣ доир ба масоили дастовардҳо ва фаълолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд баромад намуданд. Ҳамчунин, декани факултети таърих ва ҳуқуқ, дотсент Иброҳим Ҷабборов таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – омили муҳими устувории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳалаи нави истиқлолият” маърӯза дошт.


Дар интиҳо ба 100 нафар устоди донишгоҳ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуда, фаъолон бо медали ҷашнӣ, сипоснома ва ифтихорнома қадр гаштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ