​Навоварӣ: Таъсиси факултет, кафедра ва ихтисосҳои нав

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар натиҷаи таҷзия гардидани факултети педагогӣ, факултетҳои “Психология ва таҳсилоти томактабӣ” ва “Таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус” ба вуҷуд омад. Дар ин замина, кафедраҳои “Назария ва методикаи тарбияи томактабӣ” ва “Педагогикава психологияи томактабӣ” ихтисос дода шуд.

Ҳамчунин, бо назардошти талабот 10 ихтисоси нав, аз ҷумлаи физика ва информатика (рӯзона), география –демография (рӯзона, фосилавӣ), забони англисӣ. Забони олмонӣ (рӯзона), забон ва адабиёти тоҷик. Рӯзноманигорӣ (рӯзона), санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Ҳунарҳои халқӣ бадеӣ (рӯзона), забон ва адабиёти рус. Забон ва адабиёти тоҷик. (рӯзона), тарбияи ҷисмонӣ (фосилавӣ), андоз ва андозбандӣ (фосилавӣ), молия ва қарз (фосилавӣ), таҳсилоти ибтидоӣ.Забони хориҷӣ (англисӣ) (рӯзона) таъсис ёфт.

Маврид ба зикр аст, ки соли таҳсили 2019-2020 дар 18 факултет ва 79 кафедра (аз ҷумла 5 кафедраи умумидонишгоҳӣ), аз рӯи 77 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 31 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ фаъолияти таълимӣ роҳандозӣ гаштааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ