​Таъсиси Стипендияи Раиси вилояти Суғд барои донишҷӯён, магистрантон ва аспирантон

Бо мақсади ҳавасмандкунӣ, дастгирии моддиву маънавии магистрантон, аспирантон ва донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят Стипендияи Раиси вилояти Суғд барои соли хониши 2018-2019 таъсис дода шуд.

Доир ба ин масъала қарори Раиси вилояти Суғд 22 апрели соли ҷорӣ, таҳти №178 ба тасвиб расида, тибқи он низомнома, ҳайати комиссия ва нақшаи тақсимоти стипендияи Раиси вилоят тасдиқ шудааст.

Дар асоси низомнома барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 70 стипендия, барои магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 20 стипендия, аспирантон 15 стипендия ва донишҷӯён 25 стипендия муқаррар гардидааст.

Тавре, ки хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, интихоби довталабон барои дарёфти стипендия дар асоси озмун ба роҳ монда шуда, дар он донишҷӯёни курсҳои 2, 3, 4 ва магистрантоне, ки бо баҳои аъло таҳсил мекунанд, инчунин аспирантоне, ки ба дастовардҳои илмӣ соҳиб гаштаанд, пешниҳод мегарданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ