​Тапончаи обдори сухан аст, на «фабрикаи ҷавоб»

Муҳиддин Кабирӣ дар суханрониҳои охиронаш доир истилоҳи наверо кор фармуда онро «фабрикаи ҷавоб» номгузорӣ кардааст. Думравонаш ба ин пайравӣ карда «мудири фабрика», «мудири ферма» ва амсоли инро фикр карда баромаданд. Бар замми ин онҳо боз истилоҳи «ятиморветс»-ро ҳам истифода мебаранд. Манзури Кабирӣ аз ин истилоҳ ҷавобҳои мардуми қишрҳои гуногуни ҷомеа, вокуниши зиёиён ва хизматчиёну коргарон нисбат ба кирдору гуфтори пайравонаш аст.

Фабрикаи ҷавобе, ки онҳо мегўянд, аслан ифодагари дарду дил ва мавқеи мардуми озодандеши тоҷик аст ва он бо тақозои ягон сардор ва ё мудире нест. Аслан, мухолифин дар солҳои 90-уми асри гузашта одат карда буданд, ки ба баромадҳояшон касе эътирозе намекард, шояд он замон шуури сиёсӣ ба қадри даркорӣ инкишоф наёфта буд ва ё гоҳо «абрро бонги саг зиён накунад» гуфта, чизе намегуфтанд ва наменавиштанд. Аммо имрўзҳо мардум онҳоро шинохтааст ва кӣ ва чӣ буданашонро медонанд.

Муҳиддин Кабирӣ, ки аз демократия ҷор мезанад, пас чаро пайравонашро хабарҳое, ки ба гуфти худаш «фабрикаи ҷавоб» омода кардааст, ба талвосаву таҳлука медарорад?Ҷавобҳои мардуми зиёӣ ва нафароне, ки аҳли қаламанд ба сари пайравони Паймони миллии Тоҷикистон мисоли мушти обдор аст, ки гурс-гурс зада меистад.

Дигар мухолифине, ки дар майдони сиёсат худро шер мепиндоштанд, яккатозӣ надоранд ва маълум гашт, ки ҷавобу вокунишҳои мардум рўбоҳакони шернамо буданашонро собит мекунад.

Ҳамаи вокунишҳо ва посухҳоро ба суханон ва кирдорҳои Муҳиддин Кабирӣ ва думравонаш мардуми ватанпарвару ватанхоҳбо амри виҷдон менависанд ва аз касе барои навиштаҳояшон подоше умедвор нестанд. Муҳимтарин подоши онҳо аз хоинони фитнагар озод кардани миллат аст.

Хуб аст, ки «фабрикаи ҷавоб» мавҷуд аст, вагарна ин хиёнаткорон чиҳо намегуфтанду намекарданд. Ҷавобу вокунишҳо ба гуфтору кирдори хиёнаткорон реаксияи воқеии зиёиён нисбати чолишҳои нодуруст аст!

Дар чанд соли охир Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ бо таҳия ва пахши чанд филми мустанад аз рўзгори Қиёмиддин Ғозӣ, Айёмиддин Сатторов ва чанд тани дигар пардаҳоро аз кардаҳои ТТЭ Ҳизби наҳзат бардошт ва ҳақиқатро манзури омма гардонид. Гуфтан ва намоиш додани ҳақиқат низ ба пиндори Муҳиддин Кабирӣ кори «фабрикаи ҷавоб» аст.

Дар хабари охирон, ки «“Фабрикаи ҷавоб”: ҳукми Эшони Қиёмиддинро 18 сол кам кардаанд» унвон дорад ва онро мухолифин паҳн кардаанд, эҳсос мегардад, ки аз хабари кам шудани хукми ҷазо хурсандӣ зоҳир накарда, балки аз ҷавоби сазовор андўҳгинанд.

Дигар Суди Олӣ мақомоти бесалоҳият низ нест, ки ҳукмро кам карда натавонад. Пас, вақте чунин хабарро расонаҳои иттилоотӣ паҳн мекунанд, чаро он маҳсули кори «фабрикаи ҷавоб» будааст?Вақте Эшони Қиёмиддини Ғозӣ сидқан пушаймон шудаасту25 соли ҷазои ў ба 7 сол табдил гаштааст, пас ин чӣ бадӣ дорад?

Хурсандии воқеии банда дар он аст, ки чунин вокунишу раддия ва чавобдиҳӣ ба кирдору гуфтори хиёнаткорон ҷой дорад ва аз онҳо душманони миллат ба ҳарос меоянд.

И.Раҳимзода номзади илмҳои филологӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ