​Факултети физика ва техника: Оғози таҷрибаомӯзии омӯзгории донишҷӯён

Дар толори маҷлисгоҳи факултети физика ва техника бахшида ба оғози таҷрибаомӯзии омӯзгории донишҷӯёни курси 3 ихтисоси физика ва курси 5-уми ихтисоси физика – математика конфронс баргузор гардид. Дар конфронс декани факултет, дотсент Мумин Шамсиддинов, муовини декан оид ба таълим Абдумалик Ҳоҷибоев, мудири кафедра Шавкатҷон Шерматов ва мушовирон аз ихтисос ва кафедраҳои педагогикаю психология иштирок намуданд.

Дар оғози конфронс декани факултет Мумин Шамсидинов баромад намуда, донишҷӯёнро бо «Низомномаи таҷрибаомӯзии педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шинос намуда, барои бо муваффақият пеш бурдани корҳои таълиму тарбия, истифодаи усули фаъоли таълим дар амал, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, омӯхтани таҷрибаи пешқадами омӯзгорон, такмили маҳорати касбӣ ва истифодаи навгониҳои илму техникаро дар раванди машғулиятҳо хоҳиш намуданд.

Инчунин, мудири кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физика Шавкатҷон Шерматов баромад намуда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки давраи таҷрибаомӯзиро дар муассисаҳои таълимӣ зери назорати мушовирон босамар гузаронанд. Донишҷўён бояд дар ин давра бештар ба омӯзиши илму дониш, рушди маҳорат ва малака ҷиҳати татбиқи муваффақонаи раванди таълиму тарбия, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва ба даст овардани сифатҳои касбии омӯзгори оянда, ки ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгӯ бошанд, машғул гарданд.

Сипас, тибқи фармоиши ректори донишгоҳ донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо сафарбар гардиданд. Ҳамзамон донишҷӯён изҳор намуданд, ки давраи таҷрибаомӯзиро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ