​Ҷараёни конференсия дар факултети физикаю техника

Бахшида ба солҳои 2019-2021 ”Солҳоирушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи илми тоҷик дар факултети физикаю техникаи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конференсияи апрелии устодон ва олимони ҷавон доир гашт.

Дар конференсия 12 маърузаи илмӣ-назариявӣ аз ҷониби устодон ва олимони ҷавони кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физика қироат гардид.

Ҳайати устодон баъд аз муҳокима маърузаи профессор Ҳайдар Саидовро таҳти унвони “Барномаҳои таълими математикӣ дар таълими фанни физика” беҳтарин шуморида, барои чоп тавсия намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ