​Таҳкими амният ва пешгирии ҷавонон аз ҳолатҳои номатлуби замон

Масъалаи ҷавонон дар ҷомеаи имрӯза яке аз масъалаи ҳасос ва нозуку муҳим ба шумор рафта, мебояддар тарбияи ҷавонону ноболиғон бояд ҷиддӣ муносибат намуд. Вохӯрию суҳбатҳои мунтазами Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон дар тарбияи маънавии онҳо нақши муҳим мебозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ аз ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки соли 2017 “Соли ҷавонон эълон карда шавад”.

Сарвари давлат дар яке аз воҳӯриҳо бо ҷавонони лаёқатманди ҷумҳурӣ 16 майи соли 1998 иброз дошта, буданд: «Агар ҷавонон ояндаи миллат бошанд, ҷавонони боистеъдоду лаёқатмандро метавон мояи ифтихор ва сарбаландии он номид».

Имрӯз дар фаъолияти Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунй байни ноболиғон ва ҷавонон назар ба солҳои пеш дастоварду пешравиҳои зиёде дида мешавад. Аз ҷониби мутахассисону масъулини соҳа баҳри тарбияи насли ҷавон ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудану пешгирии ҷинояткорӣ дар байни онҳо чандин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои методӣ таҳия шуда, пайваста аз ҷониби онҳо ин масъала мавриди омӯзишу таҳлил ва коркард қарор дорад. Масалан, ҳолатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ,ҷуғрофииҳуқуқвайронкунии ноболиғон ва ҷавононро омӯхта, барои пешгирӣ ва барҳам додани сабаб ва шароитҳое, ки боиси сар задани ҷиноят ваҳуқуқвайронкунӣдарбайни ноболиғон ва ҷавонон гардидааст, ҷораҷӯӣ намудааст.

Танҳо дар давоми соли ҷорӣ дар ҳамбастагӣ бо ин гурӯҳ дар 70 муассисаи таълимӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд ва маҳз ин воҳӯриҳо яке аз сабабҳои паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон гардид.

Аксари ҷавононе, ки маълумоти диниро дар хориҷи кишвар, дар назди тундгароёни «хилофатсоз» омӯхтаанд, имрӯз худ аз мубаллиғони ғояву ақидаи ифрот ва тундгароии динӣ гаштаанд. Илова ба ин, тоифаи мубаллиғ мағзи сари дигар ҷавонони сабукфикр ва бехабар аз улуми диниро бардурӯғ ва ғаразнок дар зери шиорҳои «ҷиҳоди исломӣ» ва «амри маъруф ва наҳии мункар» олуда сохтанд. Ифротгароёни мутаассиб бо тавсия ва супориши ҳоҷагони хориҷӣ ва дохилиашон низоми демократӣ ва дунёвӣ доштани сохтори конститутсионии давлатии моро «куфр ва бидъат» ҳукм намуда, талош доранд, ки ҷавонони мусулмонро дар рӯҳияи ватанбадбинӣ ба воя расонанд.Ҷомеаиҷаҳониро имрӯзмушкилотиҷиддӣ, ин ҳам бошад, шомилшавии ҷавонон ба гӯрӯҳҳои тундраву ифротгаро фаро гирифтааст. Хушбахтона, дар соли 2016 шомилшавии шумораи ҷавонон ба ин гурӯҳҳо кам гардидааст, ки ин натиҷаи ҳамкориҳои самарабахшиаҳли ҷомеа мебошад.

Боиси тазаккур аст, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар давоми соли 2016 дар якҷоягӣ бо кормандони ғайриштатии милитсия, дружиначиён (донишҷуёни фаъол) ва аҳли ҷомеа як қатор чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, маданӣ ва варзиширо дар сатҳи зарурӣ доир намуда, нақши созгори онҳоро ҳамеша муҳим арзёбӣ мекунад. Дар ҳақиқат, ҷавонони даврони соҳибистиқлол, ҷавонони бонангу номус, бориз, далер ва шуҷои Ватан маҳсуб ёфта, бо корҳои созандагию бунёдкорӣ ном бароварда, доимо дар сафи пеш қарор доранд. Ин иқдоми созанда бояд шиори ҳамешагии онҳо бошад.

Ҷавонон ояндаи миллат ва давлатанд. Ҷавонони солимақл, соҳибистеъдод, ифтихор ва сармояи хушбахтӣ ва саодатмандии ҷомеа мебошанд. Аммо ҷавонони ифротгаро ватандхӯйи ситезаҷӯ доғи дили падару модарон,дарди сари ҷомеа ва омили хушунат, низоъ ва фитнаҳоинавбатӣхоҳандгашт. Аз ҳамин лиҳоз, ҷавонони ифротманиш ва тундхӯйиситезаҷӯйи бемазҳаб талош доранд, ки маориф ва фарҳанги асили исломиро барои расидан ба ҳадафҳои ғаразнокинопок ва пуросеби гурӯҳи худ якҷониба ва барғалат, дар асоси барномаҳои террористӣ ва экстремистӣ доштаашон шарҳу баён созанд.

Маълум мешавад, ки чунин ҷавонони ифротгаро ғофил аз худшиносии миллӣ ва мазҳабӣ, шинохти хотираи таърихӣ надоранд. Онҳо манфиатҳои миллиро ҳамчун қарзи муқаддаси инсонгарӣ ва мусалмонӣ эҳсос намекунанд ва намепазиранд. Хидмат ба халқу ватан чун арзиши олии зиндагӣ табдил наёфтааст, балки ифротгароёни бемазҳаб эҷодкунандаи нафрат ба арзишҳои олии зиндагӣ ва муқаддасоти миллӣ гаштаанд.

Мафҳуми миллат, ватан, муқаддасоти миллӣ, арзиши зеҳнӣ, фарҳанги миллӣ, осор, хотира ва расму ойини таърихӣ барои онон хуруфот ва таассубу бидъат ҳисобида мешавад. Таърихи тамаддуни башарӣ шаҳодат медиҳад, ки худшиносӣ ва ифтихори миллии ҷавонон пойдевор ва асли бақои миллат аст.

Чунин андешаи ғалат ва хатарбори онҳо аз идеология ва ғояҳои бегонапарастӣ ва ақидаи зидди миллии ҳаракатҳои террористӣ маншаъ гирифтаанд, ки дар тарбияи ҷавонон таъсири хеле манфӣ мегузоранд. Масалан, аз таҳлили саҳифаҳои интернетӣ ҳазорон мисол оварда метавонем, ки ҷавонони тоҷик бо расмҳои таҳдидангез фазои иттилоотии диниро зери қабзаи худ муҳосира намуда, ошкоронамояндаҳои адабиёт ва фарҳанги миллиро шиаву кофир ҳукм намудаанд. Муқобилияти илмӣ ва шаръӣ накардан дар муқобили ифротгароии гурӯҳ ва ҳараакатҳои моҳияти радикалӣ боиси он гаштааст,ки ифротгароён муҳит ва фазои иттилоотии динро зери назорати худ қарор дода, баъзе ҷавононро таҳти таъсири афкори муғризона ва ақидаи террористию ифротгароии худ сохтаанд.

Роҳҳои густариши такфир, ифрот, тундгӯйӣ ва пурқувват гаштани салафия ва хушунатгароиро ошкор намуда, пеши онро дар якҷоягӣ бо кӯмаки хайрхоҳонаи мақомоти дахлдор бояд бигиранд. Ҷавонон ояндаи миллат ва кишвари азизамон Тоҷикистонанд ва набояд ин нерӯи созандаро ба сарчашмаи хатар ва омили сӯзанда табдил бидиҳем.

Ғайбуллоева М., Қобилов З., устодони ДДХ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ