​То кай даъвоҳои беасос…?

Вақте ки маводи бесару сомон ва орӣ аз мазмуну мӯхтавову мақсади намояндагони ТЭТ ҲНИ-ро мутоила мекунӣ, намедонӣ чи хулоса барориву ба кӣ бовар намоӣ. Аъзоёни собиқ ҲНИ, ки фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ шуморида шудааст, шояд аз оворагиву мусофирату лаббайгӯиҳо хасташуда бошанд, ё пешравиву дастовардҳои миллати тоҷикро дида наметавонанд ва бинобар ин, дар ким кадом гӯщаҳои дунё нишаста (Туркия, Эрон, Германия…) сафсатаву дурӯғу таҳдидҳои беасосу муқоисаҳои хандаоварро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд.

Ба фикри мо инсоне, ки дилаш ба миллату модар Ватану сарзаминаш сӯзад, бояд мустақим, беибову истиҳола ва кинаву адоват андешаронӣ намояд (ҳам дар расонаҳои хориҷӣ ва ҳам дар расонаҳои ватанӣ). Ба қавли Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «ҷомеае, ки худро демократӣ ҳисоб мекунад, бояд озодии сухан, қувваҳои оппозитсионӣ, фаъолияти бемонеъаи ҳизбҳои гуногун ҷой дошта бошад. Асос ва ҷавҳари фаъолияти ҳар ҳизб бояд Ватан, Миллат, Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, оромии фазо ва осудагии мардум барин арзишҳоро ифода намояд»

Ин нуктаро мардуми фарҳангсолори точик кайҳо дарк намудаанд ва барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон бештар аз ақли солиму рӯхияи созанда истифода мебурданд, мебаранд ва ҳоҳанд бурд.

Изҳороти муаллимаи факултети педагогӣ Қодирова М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ