​Факултети таърих ва ҳуқуқ: Паём санади ояндасози миллат

8-уми феврали соли 2019 дар толори факултети таърих ва ҳуқуқ конференсияи илмӣ – амалӣ бахшида ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таҳти унвони “Паём санади ояндасози миллат” баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳӣ аз ҷониби декани факултет, номзади илмҳои таърих, дотсент Иброҳим Ҷабборов суръат гирифт.

Сипас устодон Шавкатҷон Шарипов – дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археология, Киромиддин Мухторов – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯъҳои “Паём ва рисолати созандаи он: аз таърихи пайдоиши Паём” ва “Моҳияти сиёсию ҳуқуқии Паёми Президент” суханронӣ намуданд. Аз мӯҳтавои баромади устодон бар меомад, ки Паёми Пешвои миллат натанҳо ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, балки ба намояндагони тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, сохтори идоракунӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, зиёиён дахл дошта, он дорои маълумоти далелу рақамҳои нав, итилооти муҳим ва дастуру супоришҳои мушаххас буда, барои рушди устувори ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона карда шудааст. Дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат ба се падидаи муҳиме, ки дар соли 2018 ба вуқӯъ пайваст ишора намуда, онро ҳамчун рӯйдоди хеле муҳим ва хотирмон дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо арзёбӣ намуданд.

Оғози барномаи нави Даҳсолаи байнанмилали амал“ Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, ки бо иштироки Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон 22–уми марти соли 2018 расман дар Маҷмааи умумии СММ шурӯъ гардид. Дигар рӯйдоди таърихии кишвар ин ба кор даровардани агрегати аввали НБО–и “Роғун” бузургтарин иншооти тақдирсози аср, ки бо заҳмати мардуми шарафманди тоҷик ба кор шурӯъ намуд. Ҳамчунин ба маҷрои сулҳу дӯстӣ, бародариву баробарӣ ва ҳусни тоза ворид гаштани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари дӯсту ҳамсоя Ҷумҳурии Ӯзбекистон ин се падидаи муҳим аз рӯйдодҳои воқеан таърихӣ буд, иброз доштанд декани факултет, номзади илмҳои таърих дотсент Ҷабборов И.Р.

Ҷаҳонгир МАХКАМОВ, донишҷӯи бахши чоруми

факултети таърих ва ҳуқуқ, аъзои маҳфили “Нерӯи сухан”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ