​Ҷамъбасти таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултети санъат

Таҷрибаомӯзии омӯзгории донишҷӯёни курсҳои 3 ва 4-и ихтисосҳои эҷодиёти халқии мусиқии созӣ ва сурудхонии халқии факултети санъати муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷамъбаст гардид.

Донишҷӯёни ихтисосҳои эҷодиёти халқии мусиқии созӣ ва сурудхонии халқии факултети санъат давоми 4 моҳ дар мактабҳои санъати бачагонаи №1, 2 ва 3-и шаҳри Хуҷанд таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ гузарониданд.

Таъкид карда шуд, ки таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ баҳри пиёда намудани донишҳои назариявӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳибтаҷриба заминаи мусоид фароҳам оварда, донишҷӯён соҳиби малака ва маҳорати педагогӣ мегарданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ