Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ба ифтихори оғози соли нави таҳсили 2019-2020

Устодон, шогирдон ва падару модарони азиз!

Муҳтарам аҳли маориф!

Дар Тоҷикистони маҳбубу соҳибистиқлоли мо соли нави таҳсил оғоз меёбаду давраи фаъоли омӯзишу парвариш, таълиму тарбия шурӯъ мешавад. Ба ин муносибат, кулли алоқамандони соҳаро самимона табрику таҳният мегӯям. Дар диёри арҷманди мо соҳаи маориф мақоми меҳварӣ дорад ва эътибору таваҷҷуҳ ба он рӯзафзун аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаи худ ба соҳаи маориф афзалият бахшида, пайваста таъкид мекунанд, ки «Маориф неруи тавонову пешбари кишвар аст ва имрӯзу фардои мамлакатамон бо он алоқаи ногусастаниву қавӣ дорад». Президенти муҳтарами ҷумҳуриамон нисбат ба аҳли маориф эҳтироми самимӣ доранд ва кормандони ин соҳаи тақдирсози миллатро пайваста дастгирӣ менамоянд. Аз ин ҷост, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2018) Сарвари кишвар боз ҳам бо меҳру ихлос изҳор карданд: «Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем».

Дар заминаи дастуру ҳидоят ва дастгириву ғамхориҳои доимии Пешвои миллат дар кишвари мо соҳаи маориф ҳамбаста бо ислоҳоти фарогиру пурсамар пеш меравад ва рисолати шарафбори худро дар сатҳи баланд иҷро менамояд. Махсусан, солҳои охир дар тамоми манотиқи кишвар ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон фаъолияти аҳли маориф вусъат дорад, сатҳи таълиму тарбия боло меравад. Ба ин, пеш аз ҳама, рушди бештари созандагӣ дар мамлакат мусоидат кардааст. Дар саросари кишвар бунёду ба таври замонавӣ муҷаҳҳазонидани таълимгоҳҳои нав авҷ гирифтааст ва чунонки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иттилоъ доданд, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат беш аз 1050 муассисаи таълимӣ бунёд мегардад.

Ҳамасола дар оғози соли нави таҳсил дар Тоҷикистони азизамон «Рӯзи дониш», «Рӯзи китоб» таҷлил ва «Дарси сулҳ» баргузор мешавад. Ин басо рамзиву нишотбахш ва манфиатбор аст. Ҳар як инсон маҳз ба шарофати донишу донишомӯзӣ ба маънавияти комил мерасаду дар ҷомеа ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо мекунад. Аз ин ҷост, ки бузургони миллатамон пайваста ситоиши дониш кардаву онро сипару болу пари инсон, раҳнамо ба сӯи қуллаҳои мурод номидаанд. Ҳикматест машҳур, ки «Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан, Ба дониш тавон риштану бофтан». Дониш дар китобҳост ва ҳар касе, ки ба китоб унс мегирад, ояндаи хешро мунаввар месозад ва хизмати арзанда ба халқу миллат хоҳад кард. Дар ин самт иқдоми хеле маърифатгустаронаву хирадпарваронаи Пешвои миллатамон – баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» шоистаи таъкиди махсус аст. Ин озмун аз ҷониби аҳли кишвар, аз ҷумла, аз тарафи алоқамандони таълиму тарбия хеле самимона пазируфта шуд ва доираи васеи иштирокдоронаш дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ бозгӯи он аст, ки китоб барои халқи маънавиятбунёди мо арзиши баланд ва ҷойгаҳи дилписанд дорад, азизу муқаддас мебошад. Умедворам, ки дар соли нави таҳсил мавқеи донишу китоб дар таълимгоҳҳои мо боз ҳам боло хоҳад рафт.

Аҳли маориф ифтихорманд аз онанд, ки бузургтарин ва пуршарафтарин масъулият – донишомӯзӣ ба насли наврасро ба дӯш доранд. Баҳри иҷрои муваффақонаи ин рисолати волои хеш онҳо бо тамоми ҳастӣ ва бо камоли масъулият фаъолият менамоянд. Дар кишварамон ҳар соли нави таҳсил бо омодагии комил ва бо падидаҳои навину тозакориҳо пешвоз гирифта мешавад. Соли нави таҳсили имсола низ аз ин ҷиҳат истисно нест. Муҳимтарин навгониҳо дар ин соли хониш таҳияи Стандартҳои таълими фанҳо, таҳрири тозаи барномаву нақшаҳои таълимӣ ва иншову нашри китобҳои насли нав мебошанд. Ин навгониҳо, бешубҳа, ба дастовардҳои шоиста дар соҳаи таълиму тарбия мусоидат хоҳанд кард ва сифату самараи фаъолияти омӯзгоронро тақвият хоҳанд бахшид. Тибқи анъана дар оғози соли таҳсил – 1 сентябр дарси нахустини устодон ба тарғибу бузургдошти сулҳ бахшида мешавад, ки он Дарси сулҳ ном дорад. Сулҳ ифтихори миллӣ, сарвати пурарзиш ва сафобахши рӯзгорони халқи тоҷик мебошад. Дарси сулҳ дар тамоми таълимгоҳҳо бояд дар сатҳи баланд ва муассиру рангин баргузор шавад.

Айни замон сокинони саодатманди кишвари хуршедиамон барои татбиқи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028», Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва махсусан, барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурҷабҳаву самарбор доранд. Хушбахтона, аҳли маориф дар ин ҷабҳаҳо пешсафанд ва парчамафрози комёбиҳоянд.

Мо ифтихормандем, ки ҳамасола оғози соли нави таҳсил ба давраи ниҳоии омодагиҳо ба муҳимтарин ҷашни миллат – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рост меояд ва ин шукӯҳи нахустрӯзҳои таҳсилро дучанд менамояд. Аҳли маориф дар қатори тамоми мардуми шарифи мамлакат ин ҷашни шукӯҳмандро ботантана ва бо ифтихори баланди ватандорӣ таҷлил мекунанд ва Ватани маҳбуби хешро васфу ситоиш менамоянд.

Ҳамагон таманнои онро дорем, ки Тоҷикистони азизу биҳиштосои мо ҳамеша ободу гулафшон ва дар оғӯши Сулҳу Ваҳдат бимонаду Истиқлолияти давлатӣ пойдор бошад ва ҳамбастагиву таваҷҷуҳи сокинонаш бо маърифату донишу хирад ҳар чӣ бештар гардад.

Фарорасии соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба ҳамаи шумо – омӯзгорону толибилмон ва кулли алоқамандони соҳаи маориф самимона табрик мегӯям. Рӯзгоронатон ҳамеша пурнишоту фараҳбор ва фаъолиятатон пурсамарру судманд бод.

Соли нави таҳсил муборак!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ