​Салафигароӣ ва хатари он ба ҷомеаи осоишта (изҳороти устодони кафедраи адабиёти муосири тоҷик)

Салафигароӣ ва намояндагони ҳаракати салафия чун дигар ҳаракатҳои мазҳабӣ фаъолияташонро зери ниқоби баланд бардоштани дониш ва маърифати динии эътиқодмандон шуруъ намуда, онро бо усул ва шеваи ғайриаъанавӣ ба роҳ мемонанд. Адабиёт ва сарчашмаҳои милливу ватанӣ ва инчунин мазҳабии гузаштагони минтақаро ғайриқобили қабул ва беэътимод ба қалам медиҳанд. Ба таълимот ва андешаҳои ақидатии рӯҳониёни суннатӣ ба таври ревазионистӣ муносибат менамоянд. Муҳит ва сатҳи диндории минтақаро аз назари худ гӯё бо меъёри исломӣ нокомил ташаккулёфта арзёбӣ менамоянд. Омилҳои таърихӣ,фарҳангӣ ва миллиро, ки дар ташаккулёбии зеҳнияти мазҳабии мардуми мо нақш ва ҷойгоҳ доранд, инкор ва рад менамоянд. Ба таври кул, фаъолияти ин гурӯҳҳоро як намуд аз сари нав исломикунонии (дар истилоҳи илмии русӣ – реисламизация) аҳолии минтақа бар асоси фарҳанг ва муҳити арабӣ маънидод кардан мумкин аст. Шеваи фаъолият ва хостаҳои онҳо ҳаматарафа шинос мешавем, маълум мешавад, ки онҳо аз вижагиҳои андеша ва ақидаи мазҳабии мардуми минтақа ноогоҳ ҳастанд ва ҳадафашон на танҳо ғаризаҳои диниву эътиқодӣ,балки тавассути фазои мазҳабӣ ба муҳити фарҳангӣ ва аз он ҷумла муҳити иҷтимоӣ - сиёсии кишвар ва ҷомеа роҳ ёфтан мебошад. Ин гурӯҳ ва пайравони онҳо шиори худро бозгаштан ба исломи ноб, ки дар сурати пайравӣ намудан аз «салафи солеҳ» амалӣ мешавад, қарор додаанд ва масоили шаръию ҳуқуқии ҳаёти диниро дар низоми бемазҳабӣ ва ё яккамазҳабии ҳанбалӣ дидан мехоҳанд.

Шеваи фаъолияти онҳо аввал аз эрод гирифтан ва ислоҳу дигаргун намудани баъзе ҷузъиёти фароизи динӣ,ки фуруъи дин ҳисоб мешаванд, ибтидо гирифта оҳиста – оҳиста баҳсро ба масоили куллӣ ва усулии диндорон бармекашанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ